НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСИРИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ИТАЛИЯ

(Дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо як санаи таърихӣ, балки ҷашни эҳтиром ба садоқат, шуҷоат ва фаъолияти давлатдорие мебошад, ки кишварро аз фазои пурпечутоби солҳои аввали истиқлолият ба соҳили оромӣ, суботи сиёсӣ ва тараққиёти баланд расонд. Зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар ин масир соҳиби парчаму муқаддасоти худ гардида, дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун шарики боэътимод ва пешоҳангӣ ибтикороти муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Аз ҷумлаи муваффақиятҳои бузурги сиёсати хориҷии Сарвари давлат, пешрафт ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои пешрафтаи Аврупо, бахусус Ҷумҳурии Италия, маҳсуб меёбад.

Сиёсати “дарҳои боз”, ки аз ҷониби Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, имкон дод, ки Тоҷикистон бо муҳимтарин марказҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳон пулҳои ҳамкорӣ бунёд намояд. Дар ин миён, Италия ҳамчун яке аз кишварҳои калонтарини Иттиҳоди Аврупо ва аъзои “Гурӯҳи 7” (G7) дар стратегияи байналмилалии Тоҷикистон ҷойи махсусро ишғол мекунад.

Маҳз бо шарофати талошҳо ва дипломатияи фаъоли Пешвои миллат, робитаҳои Тоҷикистон ва Италия дар солҳои охир ба марҳилаи комилан нав ва сифатан баланд баромаданд.

Сафари таърихӣ ва давраи нави созишномаҳо, сафарҳои расмиву кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо ва хусусан вохӯриҳои сатҳи баланд бо роҳбарияти Ҷумҳурии Италия ба рушди муносибатҳо такони беназир бахшиданд.

Дар ин солҳо, эътимоди мутақобила байни ду кишвар мустаҳкам гардида, мавқеи ягона дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шакл гирифт.

Ҳамчунин шаркҳои пешрафтаи Италия ба бозори Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва саноатӣ саҳм мегузоранд. Иштироки ширкатҳои италиявӣ (аввалин аз ҳама ширкати машҳури Webuild дар сохтмони НБО “Роғун”) шаҳодати аёни эътимоди баланд ба устувории иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Соҳаҳои асосии ҳамкорие, ки зери назорату ҳидояти мустақими Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд:

  • иштироки фаъоли ширкатҳои пешрафтаи Италия дар сохтмони иншооти ҳаётан муҳими гидроэнергетикии Тоҷикистон;
  • саноати сабук ва коркард;
  • истифодаи технологияҳои пешрафтаи Италия дар коркарди пахта, пилла, ашёи хоми маҳаллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ;
  • маориф ва фарҳанг;
  • барпо кардани робитаҳои мустақим миёни донишгоҳҳои ду кишвар, мубодилаи донишҷӯён ва гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ;
  • сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони италиявӣ ба Тоҷикистон тавассути муаррифии имкониятҳои кӯҳнавардиву экологӣ ва осори таърихии кишвар.

Италия яке аз давлатҳое мебошад, ки аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим, инчунин мубориза бар зидди хатарҳои муосир (терроризм ва экстремизм) ҷонибдорӣ мекунад. Ин дастгирии мутақобила исбот мекунад, ки дипломатияи Пешвои миллат на танҳо манфиатҳои миллиро ҳифз менамояд, балки Тоҷикистонро ба як иштирокчии фаъолу таъсиргузор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ табдил додааст.

Боиси тазаккур аст, ки Рӯзи Президент – фурсати муносиб барои арзёбии хизматҳои содиқонаи Сарвари давлат дар роҳи ободии ватан ва мустаҳкам намудани мавқеи кишвар дар ҷаҳон аст. Муносибатҳои ҳасана ва пешрафта бо Ҷумҳурии Италия намунаи дурахшони муваффақияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошанд, ки ба ояндаи дурахшон ва рушди устувори кишвар ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо кишварҳои Аврупо хизмат мекунанд.

Ҳамзамон бо ибтикору сиёсати забонгустарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода омӯзиши забони итолиёвӣ барои донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.

Раҳимова Нигора, муаллими калони кафедраи забонҳои романӣ-германии факултети забонҳои Аврупо