Таҳқиқотҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки терроризмро наметавон бо як сабаб шарҳ дод. Барномаи рушди СММ таъкид мекунад, ки омилҳои пайдоиши экстремизм ва терроризм хушунатомези таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, аксаран ба ҳамдигар пайваст мешаванд.
Ин вабои аср танҳо муборизаи мақомати ҳифзи ҳуқуқ ё сохторҳои низомӣ нест, балки мушкилоти бисёрҷанбаест, ки ба омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ алоқаманд мебошад. Терроризм яке аз падидаҳои мураккаб ва хатарнокӣ ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, ба амнияти давлат, суботи ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Дар солҳои охир маркази фаъолияти террористӣ дар баъзе минтақаҳо аз нуқтаҳои анъанавии Ховари Миёна ба монтақаҳои осеб пазири Африқои ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои низоъзада бештар ҳаракат кардааст. Тибқи нишондодҳо дар соли 2025 тақрибан 5582 нафар қурбони ин вабои аср гардидаанд. Андозаи 98 фоизи маргҳои тарроризм дар солҳои 2007-2025 дар кишварҳое рух доданд, ки ҳангоми ҳамлаҳо дар ҳолати низоъ қарор доштанд.
Яке, аз заминаҳои асосии пайдоиши терроризм ноустувории ваъи сиёсӣ мебошад. Давлатҳое, ки дар онҳо низоҳои дохилӣ ҷой доранд, волоияти қонун осебпазир аст ва гурӯҳҳои гуногун барои ҳокимият мубориза мебаранд, метавонанд, ки ба майдони асосии муборизаи гурӯҳҳои террористӣ табдил ёбанд. Ҷангҳо боиси заиф шудани мақомоти давлатӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, хароб шудани инфрасохтор ва пайдо шудани минтақаҳои камназоратшаванда мегардад. Дар чунин шароит гурӯҳҳои террористӣ метавонанд, аз заифии ҳокимият истифода баранд.
Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки ҷангу ҷидолҳои бемаъно омили асосии пешравии фаъолияти терроризм мебошад. Беэҳтиромӣ, беэътимодӣ ба мақомоти давлатӣ, поймолшавии ҳуқуқ ва эҳсоси нобоварӣ низ метавонад эҳсоси бегонашавии гурӯҳҳои муайяни аҳолиро зиёд намояд. Пешгирии низоъ, таҳкими устувории давлат, волоияти қонун ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии авҷи терроризм аҳамияти калон дорад.
Омилҳо иқтисодӣ низ ба муҳити ташаккули радикализатсия таъсир мерасонад. Аммо, бояд таъкид кард, ки камбизоати ва бекорӣ ба таври автомати инсонро террорист намегардонад. Муносибати илмӣ ба ин масъала нишон медиҳад, ки омилҳои иқтисодӣ бештар ҳангоми якҷоя шудан беадолатӣ, набудани имкониятҳо ва заифии иҷтимоӣ хавфнок мешавад.
Ҷавононе, ки имконияти таҳсил, касбомӯзӣ ва пайдо кардани кори муносиб надоранд, метавонанд нисбат ба таблиғоти гурӯҳҳои радикалӣ осебпазиртар шаванд. Ин ҳолатҳо махсусан дар минтақаҳое ба вуҷуд меоянд, ки сатҳи рушди иқтисодӣ паст ва имкониятҳои иҷтимоӣ хеле маҳдуд аст. Нобаробариҳои шадид метавонад эҳсоси маҳрумият ва беадолатиро дар миёни мардум ба вуҷуд орад. Агар шахс эҳсос намояд, ки имкониятҳои зиндагӣ барои ӯ ва гурӯҳҳои иҷтимоии ӯ дастнорасанд эҳтимолияти норзигии зиёд дар он ҷомеа паёдо мегардад.
Терроризм пеш аз ҳама ба ҳаёт ва ҳуқуқи инсон таҳдид мекунад. Ҳадафи асосии чунин амалҳо натанҳо расондани зарари ҷисмонӣ, балки ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос, нооромӣ ва фишор ба ҷомеа мебошад. Аз ин ҷиҳат, тарроризмро метавон ҳамчун яке аз шаклҳо ниҳоят хатарнокӣ зӯроварӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ кард. Терроризм яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ба амният ва оромии ҷомеа халал ворид месозад. Хусусияти муҳимми терроризм дар он аст, ки қурбониёни амалҳо террористӣ аксаран аҳолии осоишта мебошанд.
Мафҳуми терроризм дар адабиёти илмӣ ва ҳуқуқӣ таърифҳои гуногун дорад, вале дар аксар ҳолатҳо он ба истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё дигар мақсадҳои муайяни алоқаманд ба амалҳои номатлуб мебошад. Терроризм метавонад бо шаклҳои гуногну зуҳур намояд, ҳамлаи террористӣ, гаравгонгирӣ, таҳдид ба аҳолӣ, тасарруфи иншоотҳои муҳимми ҷамъиятӣ ва дигар амалҳое, ки барои ба вуҷуд овардани тарсу ваҳм равона шудаанд.
Бо рушди технологияҳои рақамӣ терроризм танҳо бо майдони воқеӣ маҳдуд намешавад. Интернет метавонад барои паҳн кардани таблиғоти ифродгароӣ, таъсиррасони ба афкори ҷомеа ва ҷалби тарафдорони нав истифода шавад. Мубориза бо терроризм бояд ҷанбаи иттилооти низ дошта бошад. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон аз манбаъҳои боэътимод истифода намоянд ва ба ҳар гуна иттилоои шубҳанок бовар накунанд. Баланд бардоштани саводи расонаӣ ва фарҳанги истифодаи интернет дар ин самт аҳамияти калон дорад.
Маориф яке аз воситаҳои асосии пешгирии ифродгароӣ ба шумор меравад. Мактаб натанҳо ба хонанда дониш медиҳад, балки ҷаҳонбинӣ ва мавқеи шаҳрвандии ӯро низ ташаккул медиҳад. Омӯзгор метавонад дар раванди таълим ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, таҳаммулпазирӣ, сулҳу дӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ таваҷҷуҳ намояд. Хусуан дар дарсҳои забон ва адабиёт ва ҳуқуқ имкониятҳои васеъ барои тарбияи ахлоқии ва шаҳрвандии хонандагон мавҷуданд.
Терроризм яке аз таҳдидҳои мураккаби ҷаҳони муосир буда, мубориза ба он муносибати ҳамаҷониба ва пайгиронаро талаб мекунад. Барои коҳиш додани хатари терроризм танҳо мубориза ба оқибатҳои он кофӣ нест, пешгирии омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии радикализатсия низ муҳим мебошад. Маориф, фарҳанг, баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва расонаӣ, таҳкими оила ва ҷомеа, инчунин ҳамкории байналмилалӣ метавонад дар пешгирии паҳншавии ғояҳо ифротӣ нақши муҳим дошта бошад. Ҷомеае, ки дар он қонун, дониш, таҳамулпазирӣ, адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми инсон аз муҳимтарин арзишҳо мебошанд, барои паҳншавии идеологияи терроризм муҳити мусоид фароҳамоварда намешавад. Аз ин рӯ, мубориза бо терроризм бояд вазифаи муштараки давлат, ҷомае, оила, муассисаҳои таьлимӣ ва ҳар як шаҳрванди масъул мебошад.
Зайниддини Абдулҳамид, н.и.ф., муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва рӯзноманигорӣ.