РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА САДОҚАТ БА ВАТАН

Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин неъмат буда, дӯст доштани он нишонаи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ мебошад. Ҳар як фарди ватандӯст бояд ба қадри Ватан, истиқлол ва сулҳу субот бирасад. Дар робита ба ин, шоири шаҳир Мастон Шералӣ чунин мегӯяд:

Ватанам, як нафас аз ёди ту фориғ нашавам,

Фориғӣ дар раҳи ту меҳри туро бохтан аст,

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст!

Мазмуни ин мисраъҳо дар он аст, ки ҳар як инсон бояд Ватани худро дӯст дорад, нисбат ба тақдири он бетараф набошад ва ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, пойдории сулҳу субот ва ободии сарзамини худ талош намояд. Шахсе, ки дур аз Ватан зиндагӣ мекунад, вале ҳамеша ёди сарзамини худ, ободии он ва пешрафти миллатро дорад, дар асл бо Ватан пайванди ногусастанӣ дорад. Баръакс, шахсе, ки дар Ватан зиндагӣ мекунад, аммо нисбат ба тақдири он бепарво аст, бояд дар бораи масъулияти шаҳрвандии худ андеша намояд. Ин ақида бо таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зич дорад. Зеро давлатдорӣ, истиқлол ва ояндаи дурахшони кишвар аз муҳаббати шаҳрвандон ба Ватан, ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳми онҳо дар ободии сарзамини аҷдодӣ вобаста аст.

Ҳамасола 16-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи хос дорад. 16-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд.

Ин рӯз баёнгари аҳаммияти ниҳодҳои давлатдорӣ ва масъулияти роҳбарӣ дар назди давлату миллат мебошад. Президенти кишвар ҳамчун сарвари давлат дар доираи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар низоми идоракунии давлатӣ нақши муайян доранд.

Ватандӯстӣ танҳо бо суханҳои зебо маҳдуд намешавад. Он, пеш аз ҳама, дар амалҳои созанда, меҳнати ҳалол, эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар рушди кишвар зоҳир мегардад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоии худ, метавонад барои ободии Ватан кори судманд анҷом диҳад. Чуноне, ки Мастон Шералӣ таъки менамояд:

Тоҷикистон, ҳамаҷо ойинаи дасти манӣ,

Ҳама ҷо акси ту дар дидаи ман ҷилвагар аст,

Моҳ яктост, вале моҳи ту зебост маро,

Шамс яктост, вале шамси ту пурнуртар аст.

Ин мисраъҳои пурмазмун муҳаббати самимӣ ва ифтихори беандозаи шоирро нисбат ба Тоҷикистон таҷассум менамоянд. Барои мо, ҷавонон, дӯст доштани Ватан, пеш аз ҳама, эҳтиром ба забони модарӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллат аст. Мо бояд бо азму иродаи қавӣ илму дониш омӯзем, соҳиби касбу ҳунарҳои муосир гардем ва чун пайравони содиқи Пешвои миллат бо меҳнати содиқонаи худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузорем. Зеро ояндаи дурахшони Ватан аз донишу маҳорат, масъулиятшиносӣ ва садоқати насли ҷавон вобастагии калон дорад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба қадри давлату давлатдорӣ расем ва барои нигоҳ доштани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии кишвар масъулият ҳис намуда дар рушди забону фарҳанги миллиаамон саҳмгузор бошем ва ин ҳама ҳастиву дороии маънавиро ба ояндагон ба мерос гузорем. Зеро давлат танҳо бо сарзамин ва марзҳои худ маҳдуд намешавад, он, пеш аз ҳама, бо шаҳрвандони худ, ҳисси ватандӯстӣ ва ҳамбастагии онҳо қавӣ мегардад.

Мебояд бо меҳнати софдилона, дониши мукаммал ва рафтори шоиставу аҳлона дар ободии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем. Зеро меҳри Ватанро дар дил нигоҳ доштан ва парваридан, барои пешрафти он амал кардан нишонаи ҳақиқии ватандӯстист. Байти пурмаънии устод Сотим Улуғзода далелии ин андешаву гуфтаҳои мост:

Эй Ватан, эй меҳрубон модар, ту моро,

Тарбият кардӣ ба меҳри модарона.

Боз ҳар амре, ки дорӣ, гӯй, фармо,

Мо баҷо орем онро содиқона.

Ифтихори Амонқул, номзади илмҳои филологӣ, сардори макази тестии Донишгоҳ.