СЕМИНАР ДОИР БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Дар факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳ бо ибтикори кафедраи забонҳои романӣ – германӣ семинари илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ” баргузор гардид.

Дар семинари мазкур муовини сардори раёсати таълим Муҳаммадраҳим Назиров, мудири кафедра Муслим Давлатзода ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дотсенти кафедраи забонҳои романӣ – германӣ Ардамеҳр Ашурзод, пиромуни сифати таълим ва ба роҳ мондани вежагиҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар рафти таълим, истифодаи самараноки технологияи муосир дар ҷараёни омӯзиш, маърузаи пурмуҳтаво намуд.

Инчунин, омӯзгорон Чаманой Исмоилзода ва Ибодуллоев Баҳром оид ба роҳҳои мубраму муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар раванди таълим дар муассисаҳои олии кишвар суханронӣ намуданд.

Мақсад ва ҳадафи баргузории чунин чорабинӣ ҷалби донишҷӯён ба омӯзишу пажуҳиш, дарки роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар ҷараёни омӯзиши фанҳо, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ мебошад.