МАРОСИМИ ИФТИТОҲИИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ”

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 2 октябри соли 2026 маросими ифтитоҳии даври ниҳоии Озмуни байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ кишвар, таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” дар соли 2026 дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии озмун Сайдулло Қувватзода – мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Жило Гулназарзода – ректори Донишгоҳ, Лутфия Абдухолиқзода – директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Исмоилиён Ҳабибулло – муовини сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Ҳикматулло – сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабнам Дувурова – корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистонба номи Сотим Улуғзода профессор Жило Гулназарзода аз дастгириву иқдомоти бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маорифу илм сухан гуфта, иброз дошт, ки Озмуни байналмилалии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” дар пайравӣ ба иқдоми забонгустарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад.

Зикр гардид, ки озмуни мазкур соли сеюм аст, ки бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор шуда, бори аввал аст, ки озмун дар сатҳи байналмилалӣ аз рӯйи 12 забон роҳандозӣ гардидааст.

Дар идома мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода дар бораи иқдомоту тадбирҳои бузургу судманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва дастгирии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан гуфт, роҳандозии озмуни байналмилалиро аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро саривақтию арзёбӣ намуд.

Директори китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода аз роҳандозии Озмуни байналмилалии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” изҳори хушнудӣ карда, ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, донишҳои муосир, худшиносию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ даъват намуд.

Ҳамзамон, Исмоилиён Ҳабибулло – муовини сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Ҳикматулло – сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабнам Дувурова – корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин иқдоми муҳиму саривақтӣ ва рафти Озмуни байналмилалии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баҳои баланд дода, ба иштирокчиён барои ширкати фаъолона барору комёбӣ таманно карданд.

Мавриди зикр аст, ки озмун аз рӯйи равияҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва ӯзбекӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар озмуни навбатӣ аз 21 муассисаи олии кишвар ва 5 муассисаи олии кишварҳои хориҷӣ бо теъдоди 126 нафар донишҷӯ иштирок менамоянд.

Аз рафти баргузории озмун ва натиҷаи он хабари муфассал пешниҳод карда мешавад.