Истиқлоли давлатӣ рӯзи фархундаест, ки аввалин рӯйдоди софу беғараз ва меҳру садоқат, орзую омоли чандинсола, озодию ҳамбастагӣ, муваффақияти тоҷикон аст. Истиқлол шукуҳест, ки ҳамаи мардуми сарбаланди кишвар аз он ифтихор дорем, ки ба чунин дастоварди бузурги аср ноил гардидаем. Соли равон ба ин санаи фархунда 35 сол пур шуд.
Бале сию панҷ сол аст, ки парчами нангу номус ва озодӣ дар кишвари мо парфишон аст. Шоми 9 – уми сентябр дар Варзишгоҳи милии кишвар ҷашни милии мо бо тамоми шаҳомати худ таҷлил гардид.
Кишвари Тоҷикистони мо дар тӯли шукуҳи истиқлолу озодӣ тавонист ба кишвари амнтарини дунё, ободу озод ва пешрафта мубаддал гардад. Мардуми бофарҳангу ориёитабори мо бо ҳисси миллӣ китоби Конститутсияро чун волоияти қонун қабул кардаанд.
Бо роҳбариву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯз то рӯз пешрави ва ободкори ин диёри зебоманзар зиёд гардида, мардум лаззати истиқлолу озодиро мечашанд ва аз Пешвои худ ифтихор доранд.
Тоҷикистони азизи мо ҳар сол дар саҳифаи таърихии хеш як рӯйдоди муҳимро менигорад, ки ин аз тараққиёти босуръат ва пешравии комилан муваффақи кишвар шаҳодат медиҳад. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлати шуруъ аз хурдтарин марказҳо рӯ ба пешрави карданд, соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ инкишоф ёфта сатҳи зиндагии мардум беҳтар ва хубтар гардид.
Ҳамзамон бунёд кардани мактабу кӯдакистонҳо, колеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани ҷавонон ба мактабу донишгоҳҳо ва шинос намудани онҳо ба ҷомеаи ҷаҳони мебошад, ки метавонад сатҳи ҷаҳонбиниашонро васеъ гардонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша як нуқтаро дар бораи ҷавонон қайд мекунад, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд”, воқеан ҳам ин дуруст аст чунки пешрави ва ояндаи ҳар як миллат аз насли навраси он вобастагии амиқ дорад, чунки миллат ҳамаруза дар инкишоф аст ва пеш бурдани тараққиёти он ягона бо қувва ва бозуи ҷавонон даст медиҳад.
Боиси хушнудист, ки ҷавонони бо нангу номуси мо ҳам дар самти илму дониш ва ҳам дар самти варзиш муваффақиятҳои беназирро ба даст меоранд. Ин ҳам самара аз пойдории Истиқлоли кишвари азизамон аст.
Ба ҷавонон зарур аст ба қадру қиммати Истиқлоли кишвар бирасанд, зеро ин неъмати бебаҳо ва бузург аст. Бо такя ба осори гузаштагони худ баҳри бунёди ин диёри зебоманзар мақсад гузоранд то, ки фардои насли наврасро ибрате аз имрӯзҳо бошад. Мо ҷавонони ин давронро зарур аст то дар фазои сулҳу озоди зиндагӣ карда аз файзи он баҳра бардошта, дар роҳи ободӣ ва гулгуншукуфои ватан ҳиссаи худро гузорем, Тоҷикистонро, ки хонаи умеди мо аст, чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем.
35 – умин солагарди Истиқлоли давлатӣ мубораку фархунда бошад ҳамватан!!
Худойбердиева Зулола, омӯзгори кафедраи информатикаи факултети равияи омӯзгории забонҳои Шарқ.