ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

Истиқлоли давлатӣ рамзи соҳибихтиёрӣ, фурсати бузурги таърихӣ ҷиҳати бозгашт ба асолати миллӣ буда, барои тоҷикон, ки соҳиби тамаддуни куҳанбунёд ва мероси гаронбаҳои илмиву адабӣ мебошад, марҳалаи наву муҳимми худшиносӣ ва эҳёи маънавӣ маҳсуб меёбад. Ба ибораи дигар, бо касби Истиқлоли давлатӣ, халқи тоҷик имкон пайдо намуд, ки саҳифаҳои заррину пурғановати таърихи худро варақ гардонида, аз корнамоиҳо ва афкори илмиву фалсафӣ ва андешаи миллии қаҳрамонон ва нобиғаҳои гузаштаи хеш дубора бархурдор гардад.

Албатта, дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир ва мондагор буда, маҳз бо ибтикори созанда ва хирадмандонаи Роҳбари муаззами миллат хотираи таърихӣ зинда гардонида шуда, пояҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ устувор гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарии давлат таъкид намуда буданд, ки миллате, ки гузаштаи худро намедонад ва ба он эҳтиром намегузорад, ояндаи дурахшон низ дошта наметавонад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва таърих ба эҳёи арзишҳои миллӣ, бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва барқарорсозии робитаи маънавии наслҳо равона карда шуд.

Дар ин масир, бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар силсилаи ташаббусҳои бузурги таърихӣ амалӣ гаштанд, ки ҳар кадоми онҳо дар бедорӣ ва эҳёи хотираи таърихии халқамон нақши муҳим бозида, ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки тоҷикон дорои анъанаҳои деринаву қавии давлатдорӣ мебошанд.

Илова бар ин, бузургдошти чеҳраҳои мондагори илму адаб ва сиёсат, аз ҷумла Рӯдакӣ, Мавлоно Балхӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон ба пояҳои маънавии ҷомеа неруи тоза бахшида, маҳз бо ин роҳ афкори амиқи гузаштагон ва фалсафаи сулҳпарваронаи онҳо дубора зинда гардонида шуда, ба хизмати наслҳои имрӯза вогузор гардид.

Боиси тазаккур аст, ки эҳёи хотираи таърихӣ бевосита ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Вақте ки фарди тоҷик аз таърихи пурғановати ниёкони худ, аз корномаҳои шоҳону фозилон ва олимони барҷастаи миллат огоҳ мегардад, дар қалбу андешааш эҳсоси ифтихор аз ватан ва миллат ҳувайдо ва устувор мегардад.

Бо ин назардошт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки ҳифзи Истиқлол аз ҳимояи марзу бум оғоз гардида, бо донистани таърих, забон ва фарҳанги миллӣ такмил меёбад. Дар ин замина, мафкураи созандаи миллӣ ташаккул ёфта, шаҳрвандони кишвар, бахусус насли наврас, дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ тарбия меёбанд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол ин баланд гардидани ҳувияти миллии ҷавонони кишвар мебошад. Зеро ҷавонони замони истиқлол – наслҳои хушбахте ҳастанд, ки дар фазои озодӣ ва сулҳи сартосарӣ ба камол расидаву рӯзгор ба сар мебаранд. Бо таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ва бевосита Пешвои миллат ба масъалаи ҷавонон, имрӯз ин қишри фаъоли ҷомеа бо такя ба арзишҳои таърихӣ ва илми муосир қадамҳои устувор мегузоранд.

Албатта дар даврони Истиқлоли давлатӣ афкори гузаштагони мо, ки шомили ҳикмат, адолат, меҳнатдӯстӣ, сулҳпарварӣ ва башардӯстӣ ҳастанд, дигарбора зиндаву эҳё гардонида шуда, ба зеҳни ҷавонон роҳ гирифтанд. Ба ин васила, насли навраси мо бо омӯзиши таърих ва дастовардҳои бузугрму мондагори Истиқлол дарк менамояд, ки ҳифзи ин неъматҳои гаронарзиш масъулияти баланди ҳар кадом аз онҳост. Дар ин радиф, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” падидаҳои муҳиме мебошанд, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон нақши меҳварӣ бозидаанд.

Хулоса, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳёи хотираи таърихӣ ду мафҳуми тавъам ва тақдирсоз мебошанд, ки роҳи рушди минбаъдаи миллати моро муайян месозанд. Бо шарофати сиёсати дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем таърихи пурифтихори худро дубора эҳё кунем, пояҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро таҳким бахшем ва ҳувияти миллии ҷавононро боло барем.

Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва ватандӯсти тоҷик аз он иборат аст, ки ин дастовардҳои бузургро ҳифз намуда, дар роҳи ободӣ, созандагӣ, пешрафт ва ҳифзи муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламон содиқона хизмат намояд, то ки номи баланди миллати тоҷик ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ ҷилвагар бошад.

Ардамеҳр Ашуров, н.и.т., дотсенти кафедраи забонҳои романӣ – германии факултети забонҳои Аврупо.