БО ДОНИШГОҲИ ВЕСТМИНСТЕРИ БРИТАНИЯ КАБИР ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

Дар арафаи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи Вестминстер (Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ) Ёддошти тафоҳум, тариқи маҷозӣ ба имзо расонида шуд.

Ёддоштро аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ректори Донишгоҳ, профессор Гулназарзода Жило ва аз ҷониби Донишгоҳи Вестминстер муовини ноиби ректор оид ба робитаҳои глобалӣ ва рушди қобилияти касбии донишҷӯён, профессор Дибйеш Ананд ба имзо расониданд.

Санади мазкур барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои илмӣ – таълимӣ ва байналмилалии ҷонибҳо замина фароҳам меорад. Самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ташкили курсҳои омӯзишӣ, иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён, баргузории конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо, инчунин, ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти баъдидипломиро дар бар мегиранд.

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум идомаи мантиқии ҳамкориҳои судманди ду Донишгоҳ дар доираи барномаи байналмилалии “Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ” AELLCA (Accelerating English Language Learning in Central Asia) буда, ба рушди иқтидори касбии омӯзгорон, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва тавсеаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ мусоидат хоҳад кард.