4 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши илмӣ – амалӣ бахшида ба 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳ доктори илми филология, профессор Жило Гулназарзода, доктори илми тиб, профессор Аламхон Ахмедов, доктори илми фалсафа, профессор Саид Аҳмад, доктори илми фалсафа, профессор Нурулҳақ Қамар ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат доштанд.
Ректор, Гулназарзода Жило зимни баромад ҳозиринро ба ҷашни 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз ҷумла, иброз дошт, ки маҳз бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ орзуҳои деринаи мардуми тоҷик амалӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва сазовор пешвоз гирифтани он вазифаи ҳар як фарди кишвар маҳсуб меёбад. Дар заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ бояд, барои муаррифии ватани азизамон камари ҳиммат бандем.
Ҳамчунин, дар идомаи ҳамоиш доктори илми тиб, профессор Аламхон Ахмедов, доктори илми фалсафа, профессор Саид Аҳмад ва доктори илми фалсафа, профессор Нурулҳақ Қамар, маъруза карда, оид ба дастовардҳои беназири замони Истиқлол, саҳми Пешвои миллат дар сохтани давлати навин, ба даст овардани сулҳи пойдор ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, масъалаҳои тарбияи ватандӯстии насли наврас, рушди касбии омӯзгорон, забономӯзии донишҷӯён дар шароити рақамикунонӣ ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму тавсеаи Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тантанаҳои бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ бо шукуҳу шаҳомати хоса идома доранд.


