Таҷассуми нақши зан дар адабиёти бадеии гузашта ва имрӯз аз вижагиҳои асосии насри дирӯзу имрӯзу фардо мебошад ва нависандагон мутобиқи ҷаҳонбинӣ ва сатҳи афкори дунявии худ ба ин масъала ба таври гуногун руҷуъ намудаанд. Дар гузашта, махсусан, дар осори классикии форсу тоҷик симои бадеии зан кам тасвир шуда бошанд ҳам, аммо дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ образи зан баробар бо мардон инъикос шудааст. Чунончи, Зол бидуни Рудоба, Рустам бидуни Таҳмина, Сиёвуш бидуни Фарангис, Бежан бидуни Манижа ва ғайраро мо мебинем, ки аз мавқеи бағоят устувори зан дар муҳити иҷтимоӣ ва ҳатто таҳияи сиёсати давлатӣ дарак медиҳад.
Дар даврони шуравӣ тасвири зани комилҳуқуқ ва фаъол расм буд ва шуруъ аз Садриддин Айнӣ нависандагони тоҷик дар инъикоси чеҳраи зан муваффақ гардидаанд. Баъзе мунаққидон аз набудани чеҳраи воқеии зани миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик андешаҳои интиқодӣ баён намудаанд. Аммо дар солҳои устувор ва якандешии садаи XX нависандаи соҳибқалам Сотим Улуғзода дар повести “Ёрони боҳиммат” образи занеро офарид, ки баръакси шодию сурур сарнавишти ғамангезро интихоб мекунад. Повести мазкур нахустин асари калонҳаҷми нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ маҳсуб мешавад, ки соли 1947 ба табъ расидааст. Мавзуи асосии асар тасвири ақибгоҳ ва мушкилии занон буд, ки дар маркази он Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф ба унвони образҳои асосӣ тасвир шудаанд. Сотим Улуғзода дар ин асараш олами ботинии қаҳрамони соҳибиродаи худро инъикос намуда, психологизми реалистиро барои насри муосири тоҷик то андозае тақвият медиҳад. Худойназар Асозода дар китоби “Адабиёти тоҷик дар садаи XX” ба баррасии навоварии нависанда ва муқовимати кӯтаҳназаронаи мунаққидони он замон пардохта, зимни таҳлили повести “Ёрони боҳиммат” чунин менигорад: “… дар оғоз мавриди танқиди бархе аз алоқамандони нодидагир қарор гирифт, ба он далел ки гӯё Сотим Улуғзода одамони даврони шуравиро нодуруст ва ғайривоқеӣ ба тасвир гирифтааст. Албатта, ин танқидҳо идомаи тарзи таҳқиқи сусиёлизми вулгарӣ буд, ки ба адабиётшиносии тоҷик низ реша давонда буд”.
Воқеан, повести “Ёрони боҳиммат” баъди нашри соли 1947 бо сабаби маҳдудиятҳои идеологии замони шуравӣ ва нодуруст баррасӣ гардидан дар нақди адабӣ аз интишорот бозгирифта шуд ва пасон, бобати аҳамияти он касе ҷуръат намекард, ки ҳарфе бизанад. Тасвири бадеӣ мутобиқи талаби замон ва идеологияи давр баръакс бояд мешуд: мардҳо аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тани дуруст бармегаштанд ва дар корҳои минбаъдаи сохтмони ҷомеаи нав фаъолият мекарданд. Сотим Улуғзода аз ин чаҳорчуба берун омада, образи воқеии хонаводаи замони пас аз ҷангиро таҷассум намуд, яъне зан дар ақибгоҳ бо мушкилоти равонияш бинобар хабар аз марги шавҳар бо марде дигар хонадор мешавад, аммо бо шунидани зиндаю маҷруҳ будани шавҳари аввал боз ба наздаш бармегардад. Оғози фоҷиаи асар аз хатти сиёҳ гирифтани Зайнаб аст, ки дар он бобати марги шавҳараш хабар дода буданд. Пас аз чанд вақт, Зайнаб ба муҳандисе бо номи Ориф Каримов хонадор мешавад, аммо баъди чанд моҳ мактуби Ҷӯрабек меояд, ки ӯ зинда ва дар шифохона (госпитал)-и шаҳри Тошканд қарор дорад. Ин аз ҳама лаҳзаҳои мушкили асар аст, ки дар он ҳолати равонии Зайнаб ва хотираи пурҳасоси ӯ тасвир мегардад. Ориф бо вуҷуди дӯст доштани Зайнаб ба қарори ӯ барои баргаштан ба назди шавҳараш монеъ намегардад.
Яъне, омилҳои асосии бархурди ин асар ба замон дар тасвири зани озодандеш буд, ки аз шавҳари дувумӣ боз ба шавҳари аввалӣ бармегардад. Ҳолати фоҷиавӣ, дар мисоли маъюбии Ҷӯрабек ҳам баръакси талаботи давр буд, яъне нависанда мебоист саодати мардумро пас аз ҷанг инъикос менамуд ва ҷанговар бо тани солим ба хонавода бармегашт. Аз нигоҳи замона образи Ҷӯрабек заиф тасвир гардид ва аз ин хотир асарро аз шиносшавии ом боздошта, рафтори Зайнабро аз ахлоқи иҷтимоӣ дур ҳисобиданд.
Баробари Сотим Улуғзода дар адабиёти рус соли 1946 Вера Панова романи “Ҳамсафарон” (“Спутники”)-ро менависад. Барои навиштани ин китоб, Вера Панова чанд вақти худро дар қатораи госпитал гузаронд ва бо чашмони худ кори муҳимми онҳоеро, ки гарчанде дар хатти фронт набуданд, мушоҳида кард. Дар ин асар Лена Огородникова бо интизории тӯлонӣ ва бо фикри дидори ҳамсараш дар қатораи госпитал кор мекунад. Боре дар байни издиҳоми аскарон шавҳараш Даниилро мебинад ва маълум мекунад, ки ӯ бо зани дигар издивоҷ кардааст. Лена бо қалби шикастааш ба қатора меояд ва дарк менамояд, ки ҷанг муҳаббати ӯро яксон намудааст. Вера Панова бо офаридани образи Лена Огородникова иродаи матини занонаро дар муқобили заифии садоқати мардона инъикос намуда, дар қатораи тасвиркардааш дар симои ҳам табибон ва ҳам маҷруҳон оқибатҳои ногувори ҷангро инъикос намудааст. Ҷӯрабеку Даниил ҳамагӣ пас аз чанд моҳи хонадорӣ ба майдони ҷанг рафта буданд. Лена аз ҳамсари худ хиёнат дида, дар дори қисмат ишқашро гум кард. Зайнаб, баръакс, ихтиёр ба даст гирифту зиндагиро бо ҳамсари маъюбаш оғоз намуд.
Ду асари дигар, ки хотираҳоро бобати авзои занон дар солҳои ҷанг нишон додаанд, ин “Зиндагӣ кун, дар ёд дор” “Живи, и помни”-и В. Распутин (1977) ва “Хубон”-и Меҳмон Бахтӣ (1978) мебошад.
Асари “Зиндагӣ кун, дар ёд дор” дар солҳои ҳафтодум гардиши наверо ба адабиёти шуравӣ ворид намуд. Дар байни осори В. Распутин ин асарро аз лиҳози тасвири фоҷиаи ҷанг дар симои Настёна беҳтарин меноманд. Ин ҷо низ мисли образи Зайнаби Улуғзода, фоҷиаи руҳии Настёна ва бори вазнини интихоб акси худро ёфтааст. Шавҳари Настёна Андрей аз ҷанг барнамегардад, вале на ба хотири марг, балки ҳамчун дезертир (фирорӣ) пинҳон мешавад. Настёна пинҳонӣ ба ҳамсари фирорӣ аз ҷанг (дезертир)-аш, ки дар кулбае дар ҷангал пинҳон аст, меравад ва ба ӯ чизҳои муҳимро мебарад. Настёна дар ҳолати мушкилӣ ҳамсарашро танҳо мондан намехост, аммо дере нагузашта ӯ ҳомиладор мешавад. Наздиконаш ва ҳамдеҳаҳо дарк мекунанд, ки Андреи фирорӣ бо Настёна вомехӯрад. Вақте ки Настёна ба назди шавҳараш Андрей меравад, аз ақиби ӯ ҳамдеҳагонаш бо қаиқ меоянд. Настёна дар миёни дарё онҳоро дида, ба хотири осеб нарасонидан ба шавҳараш худро дар дарё ғарқ мекунад. Настёна миёни обу оташ ва маргу зиндагӣ қарор дошт ва дар байни қонуну ҷомеа садоқату раҳм ба шавҳари гунаҳкорашро интихоб намуда буд.
Дигари образе, ки дар он зани ақибгоҳӣ тасвир ёфтаасаст, повести “Хубон” мебошад, ки ӯ низ бонуи захмини замони ҷанг аст. Меҳмон Бахтӣ образи Хубонро дар муқобили худхоҳию такаббури Соҳиб барин мардони аз майдони ҷанг бозомада офаридааст. Хонанда баъзан эҳсос менамояд, ки дар рофтору гуфтори Соҳиб на танҳо манфиатҷӯӣ, балки аз дидгоҳи дигарон баррасӣ намудани авзоъ ва кирдорҳои одамон ба мушоҳида мерасад. Соҳиб қабл аз баргаштан ба зодгоҳ аз туҳмати омм бобати иртиботҷӯии Хубону Рамазон ном марди дигар, ки ӯ низ пештар аз Соҳиб аз майдони ҷанг бозгашта буд, хабар меёбад, ки ин нафраташро ба ҳамсараш зиёд мекунад. Аммо пас аз муноқишаҳо Хубон ва Рамазон хонадор мешаванд. Бинобар ин, образи Хубон дар таҳияи Меҳмон Бахтӣ намунаи зани муваффақ аст, ки қабл аз ҳама, дар умур ихтиёр дошта, тибқи иродаи хеш амал мекунад. Ин ҷо садоқату самимияти зани кӯҳистон баррасӣ шуда, муҳаббати камназири хос ба онҳо иблоғ гардидааст.
Дар асарҳои зикршуда тақдири фоҷиавии занон дар замони мушкили ҷанг инъикос гардидаанд, аммо чунин фоҷиаро интихоб кардани зан аз вижагиҳои ниҳодии онҳост, ки дар осори бадеии даврони шуравӣ матраҳ нашудааст. Кадом омил аст, ки онҳоро водор мекунад то худро ба шавҳар қурбон намоянд? Барои посух ҷустан ба суоли матраҳ садоқати занро дар ҳаёти мард дидан мумкин аст. Тинати зан ҷиҳати таҳаммули ҷабру зулму шиканҷа чун ба табоҳӣ расид, хоҳ-нохоҳ барои худ ихтиёрро аввал мегузорад. Бонувони тасвиршуда дар “Ёрони боҳиммат”-и С. Улуғзода, “Ҳамсафарон”-и В. Панова, “Зиндагӣ кун, дар ёд дор”-и В. Распутин ва “Хубон”-и М. Бахтӣ далел ба гуфтаҳои ишорагардида мебошад, ки ба ҷуз аз “Ёрони боҳиммат” дигар асарҳо сазовори ҷоизаҳои гуногуни замони шуравӣ гардидаанд.
Воқеан, бинобар тангназарии баъзе мунаққидон саргузашти зиёди занон ва мушкилоти онҳо дар ақибгоҳ дар зери парда мондаанд. Аксар вақт мунаққидони мо бобати бархӯрди кӯҳанагироию навпарастии афрод дар муҳити иҷтимоӣ таваққуф мекунанд, аммо ҳамон образи зани миллиро, ки тасвири онро аз ҳар нависанда таманно мекунанд, дар “Ёрони боҳиммат” намебинанд. Агар хислатҳое, ки образи зани миллии муосирро инъикос хоҳад кард, ҷустуҷӯ кунем, бешак онҳо ҳамон садоқату самимият ва муҳаббат ба ҳисоб меравад.
Дар охир ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки занон аз қадим нигаҳбони хона буданд: тарбия ва таълими фарзандон, идоракунии хонавода ва нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ дар оила ба души онҳо буд. Тасвири зан тасаллою оромӣ ва аз ҳама муҳимтар, муҳаббатро ба бор меорад, ки бе он тасаввур кардани хушбахтии инсон ғайриимкон аст. Гузашта аз ин, андешаҳо бобати “зани нав” дар осори бадеии сатҳи ҷаҳонӣ, ки баъзан мардро аз авомили пойбандии зан баррасӣ мекунад, дар замони муосир бо ҳамин тафаккур ҷамъбаст шудааст, ки занро дар муқобили мард ва баръакс гузоштан хатост. Чунки онҳо аз ҳамдигар вобастаанд ва бидуни якдигар такмил намеёбанд.
Олимӣ Хосият Ҳоким, доктори илми филология, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт.