(Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Беҳтарин дастовард барои мо ҷавонони асри ХХI соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунки маҳз, ҳамин Истиқлолият ба мо сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромии кишварро бахшид. Мо, ҷавонон аз он мефахрем, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низоми давлатдории худро мустақилона пеш мебарад.
Солҳои навадум шароит хеле душвор буд. Дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Точикистон (даъвати дувоздахум) баргузор гардид. Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.
Халқи Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро медид, ки бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ хизмат хоҳад кард. Эмомалӣ Рахмон аз байни даҳ номзад чун роҳбари давлати соҳибистиқлол интихоб гардид. Савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо, ҷавонон хеле хуб дар хотир дорем: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. …кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Мо хама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…”. Ин суханони Эмомалӣ Рахмон садоқату самимиятро дар назди халқу Ватан ифода мекард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат маҳз бо барномаи мукаммали худ аз буҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани давлатро пешниҳод намуд.
Мо, имрӯзҳо 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем ва солҳои сипаригардида собит намуданд, ки барномаи пешниҳоднамудаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва айни муддао будааст. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон исбот намуд, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби қувваи тавоност, ки пеши роҳи хамагуна иғвогарию моҷароҷӯиро гирифта метавонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба уҳда гирифта, ӯ тавонист, ки манфиатҳои умумихалқиро аз манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.
Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутчияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар он солҳо қабули Конститутсияи нави ҷумхурӣ ва дар асоси он таъсис додани системаи самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ хеле муҳим буд. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, системаи адолати судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз навъ ташаккул ёфтанд.
Имрӯз, бояд иқрор шуд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат комёб гардидем. Бо кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҳамчунин бо дастгирии мардуми бонангу номуси тоҷик 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Маҳз, ҳамин Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурии мо таъмин намуд. Мо, ҷавонон имрӯз аз он ифтихор дорем, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигар мамлакатҳо намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст.
Ба мо муяссар шуд, ки дар як муддати кутоҳ дар кишварамон сулҳу амониро барқарор намоем ва низоми нави давлатдориро ба роҳ монем.
Дар воқеъ, Истиқлолият неъмати бузургест. Дар давоми 35 сол кишвари мо дар роҳи бунёди давлати демократӣ ҷадамхои устувор гузошт. Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ, Забони давлатӣ ва Пули миллӣ гардид.
Таҷрибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва давлатдорӣ барои мо, ҷавонон ва наслҳои оянда бояд як мактаби бузурги зиндагӣ бошад.
Санаи 9.12.2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат” эълон гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нав буд. Дар ин муддат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат корҳои зиёдеро ба анҷом расонид, ки мо, ҷавонон ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Дар ободиву пешрафти кишварамон нақши сарвари давлат басо калон ва ҳалкунанда буд ва мебошад. Давлати мо давлати дунявиву ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст, бинобар ин доштани Пешвои миллат айни муддаост.
Ҳамасола, дар Паёмҳои пай дар пайи худ Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон як қатор дастуру пешниҳодҳои муфиди оид ба рушди ҷомеа пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, эълон гардидани “Соли вусъат бахшидани ободонӣ” дар кишвари азизамон, “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ”, ҳамасола эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ғайра арзиши баланд дорад.
Чи тавре ки дар Паёми Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии насли ҷавон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон тавсеаи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамии мардум дар мадди аввал меистад. Дар ин радиф ба хотир овардани суханронии Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷасурона роҳбарии давлатро дар айни нобасомониҳо ба ӯхда гирифта дар назди Парчам касам ёд карда буд, кофист: “Ман ба Точикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам”.
Имрӯз боиси ифтихор аст, ки мо, насли ҷавон бо роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 35 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро пешвоз мегирем. Ва ман, ҳамчуни омӯзгор аз он мефахрам, ки дар чунин давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ умр ба сар мебарам. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи мо, насли ҷавон ва мардуми Тоҷикистон мубораку поянда бошад.
Таҳмина Ҷабборова, ассистенти кафедраи информатика.