Фаъолияти тарҷумонии Сотим Улуғзода

(Бахшида ба 115- солагии Сотим Улуғзода)

​Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи миллии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Сотим Улуғзода яке аз фарзандони фарзона ва чеҳраҳои мондагор, суханвару қаламкаши мумтози миллати тоҷик ба шумор меравад. Вай на танҳо дар эҷоди асарҳои насрӣ, балки дар филмноманависию драманависӣ ва тарҷумаи осори адибони бузурги адабиёти ҷаҳонӣ маҳорати беназир дошт.

Сотим Улуғзода дар таърихи фарҳанги миллӣ на танҳо ҳамчун нависанда ва драматург, балки ҳамчун тарҷумони соҳибмактаб низ мақоми арзанда дорад. Ӯ дар рушди санъати тарҷумаи тоҷикӣ саҳми бузург гузошта, осори беҳтарини адабиёти ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ баргардондааст. Тарҷумаҳои Улуғзода барои шиносоии хонандаи тоҷик бо дастовардҳои фарҳангиву адабии ҷаҳон нақши муҳим бозидаанд.

Фаъолияти тарҷумонии Сотим Улуғзода дар замоне оғоз гардид, ки адабиёти тоҷик ба осори классикӣ ва муосири халқҳои ҷаҳон эҳтиёҷи зиёд дошт. Улуғзода бо истифода аз маҳорати баланди забондонӣ ва дониши амиқи адабиётшиносӣ тавонист намунаҳои беҳтарини адабиёти рус ва ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ тарҷума намояд ва барои ташаккули фарҳанги тарҷумаи тоҷикӣ саҳми назаррас гузорад.

Фаъолияти адабии Сотим Улуғзода аз солҳои 30-юми асри ХХ оғоз гардида, дар баробари эҷоди асарҳои бадеӣ ӯ ба тарҷума, ба хусус ба тарҷумаи осори бадеӣ, низ машғул шудааст. Мавсуф забони русиро хуб медонист ва маҳз ҳамин дониш ба ӯ имкон дод, ки осори адибони машҳури ҷаҳонро ба хонандаи тоҷик дастрас намояд. Тарҷума барои Сотим Улуғзода танҳо баргардони матни адабӣ аз як забон ба забони дигар набуд, балки як навъ фаъолияти эҷодкорӣ ва фарҳангсозӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ мекӯшид, ки муҳтавои асари бадеӣ, хусусиятҳои услубӣ ва арзишҳои эстетикии матни аслиро нигоҳ дорад ва ҳамзамон онро ба завқи бадеию эстетикии хонандаи тоҷик мувофиқ гардонад.

Сотим Улуғзода ба тарҷума бо масъулияти баланди илмӣ ва эҷодӣ муносибат мекард. Вай ҳар як асари бадеиро пеш аз тарҷума кардан аз ҷиҳати мазмун, забон ва хусусиятҳои фарҳангӣ меомӯхт. Ин усули кор ба ӯ имкон медод, ки тарҷумаҳои равон, равшан ва барои хонандаи тоҷик фаҳмо офарад.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти тарҷумонии Сотим Улуғзода тарҷумаи асарҳои саҳнавии адибони рус буд. Ин тарҷумаҳо дар замони худ барои рушди театри тоҷик ва ғанӣ гардондани адабиёти миллии тоҷик аҳаммияти калон доштанд. Махсусан, тарҷумаҳои намоишномаҳои драматургҳои рус ба пешрафти санъати театрии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Театрҳои тоҷик тавассути ин тарҷумаҳо асарҳои пурмазмуни драмавиро ба саҳна гузошта, таҷрибаи нав ба даст оварданд. Забони саҳнавии равон ва табиии Улуғзода боис гардид, ки тарҷумаҳои ӯ миёни ҳунармандон ва тамошобинон маъруф гарданд.

Дар таърихи тарҷумаи тоҷик фаъолияти Сотим Улуғзода дар шиносонидани осори адиби бузури англис Вилям Шекспир ба мардуми тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки саҳми ӯ дар тарғиб ва тарҷумаи асарҳои ин драматурги бузурги англис барои густариши робитаҳои адабии тоҷикон бо адабиёти ҷаҳонӣ хеле муҳим мебошад.

Тарҷумаи асарҳои Шекспир кори осон набуд, зеро забони шоирона, рамзҳо ва хусусиятҳои фарҳангии онҳо маҳорати баланди тарҷумониро талаб мекарданд. Устод Сотим Улуғзода кӯшиш намудааст, ки мазмун ва таъсири бадеии асарҳоро нигоҳ дошта, онҳоро ба шакли мувофиқ барои хонандаи тоҷик пешниҳод намояд. Ба ақидаи муҳаққиқон, маҳз тарҷумаҳои ӯ сабаб шуданд, ки таваҷҷуҳ ба адабиёти англис дар Тоҷикистон афзоиш ёбад ва бисёр адибони тоҷик аз ғояҳои башардӯстонаи ин адиби бузурги ҷаҳон таъсир гиранд.

​Нахустин асари бадеие, ки Сотим Улуғзода бо ҳамкории донишҷӯи факултети шарқшиносии Донишгоҳи шаҳри Тошканд Понов аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, ин повести “Сом ва Дик”- и нависандаи рус М. А. Аликсеев мебошад. Тарҷумаи ин китоб бо кӯшиш ва дастгирии устод Садриддин Айнӣ ба нашр мерасад. Баъдҳо Сотим Улуғзода ин соҳаи фаъолияти адабии худро муваффақона идома дода, дар адабиёти тоҷики асри XX ҳамчун тарҷумони бомаҳорат ва сермаҳсули осори бадеӣ шинохта ва эътироф шудааст.

Тавре ки дар боло ҳам зикр шуд, Сотим Улуғзода асарҳои зиёди адибони машҳури рус ва ҷаҳонро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ моҳирона ва бо сифати баланд тарҷума карда, дастраси хонандагони хушзавқи тоҷик гардондааст. Аз ҷумлаи тарҷумаҳои Сотим Улуғзода метавон инҳоро ном бурд: “Ғурмагас” – и Э.Л. Войнич (с.1931, нашри дуюм бо номи “Занбӯр”), “Ҳаёт даъват мекунад” – и В.Н. Билл – Белосерковский (с.1935), “Одами милтиқдор” – и Н.Ф. Погодин (с.1940), “Гунаҳгорони бегуноҳ” – и Н. А. Островский (с.1945), романи машҳури “Модар” –и М. Горкий (с.1953), “Дон Кихот” – и Сервантес, фоҷеаи “Ҳамлет” – и В. Шекспир (с.1974), романи Шарл де Костер “Достони Тил Улиншпигел”, намоишномаи “Қуллаи Фудзияма” – и нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айматов ва драманависи машҳури қазоқ Калтай Мухамеджанов ва ғайра. Намоишномаи “Қуллаи Фудзияма” соли 1973 навишта шудааст ва соли 1974 дар тарҷумаи устод Сотим Улуғзода дар театри академӣ – драмавии тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуд, ки дар ҳаёти фарҳангии он замон як падидаи муҳим ба шумор мерафт. Нақшҳои асосиро ҳунармандони машҳури саҳнаи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Мушарафа Қосимова ва Латофат Барзуева бозӣ мекарданд.

Фаъолияти тарҷумонии Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти муосири тоҷик таъсири амиқ гузоштааст. Тарҷумаҳои ӯ имкон доданд, ки хонандагони тоҷик бо намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳон шинос шаванд. Ин раванд ҷаҳонбинии бадеии ҷомеаро васеъ намуда, барои пайдоиши ҷараёнҳои нави эҷодӣ замина гузошт.Инчунин, таҷрибаи тарҷумонии ӯ ба тарбияи як гурӯҳ тарҷумонҳои ҷавон мусоидат кард. Бисёре аз онҳо маҳз бо омӯзиши осор ва тарҷумаҳои устод Сотим Улуғзода роҳи фаъолияти касбии худро муайян намуданд ва ҳамчун тарҷумонҳои касбӣ ба камол расиданд. Аз ҷониби дигар, тарҷумаҳои Сотим Улуғзода ба рушди забони адабии тоҷикӣ таъсири мусбат расонданд. Ворид шудани истилоҳот, ибораҳо ва сохторҳои нави забонӣ имконияти ифодакунии забони тоҷикиро зиёдтар кард. Бо ҳамин роҳ Сотим Улуғзода дар ғанисозии фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузошт.

Сотим Улуғзода дар тарҷумаи асарҳои бадеӣ сабки хос ва маҳорати беҳамто дошт. Яке аз вижагиҳои муҳимми тарҷумаҳои Сотим Улуғзода ин ғановати забон ва содабаёнӣ мебошад. Ӯ хуб дарк мекард, ки тарҷума бояд ба матни аслӣ мувофиқат кунад ва ҳамзамон барои хонандаи тоҷик равону дилнишин садо диҳад. Аз ҷумлаи муҳимтари вижагиҳои сабки тарҷумонии Сотим Улуғзода инҳоро метавон зикр кард: риояи муҳтавои асари бадеӣ ва андешаҳои муаллиф, истифодаи моҳиронаи захираи луғавии забони тоҷикӣ, ҳифзи хусусиятҳои бадеии матни аслӣ, шарҳу тавзеҳи унсурҳое, ки барои хонандаи тоҷик ношинос буданд ва ғанӣ намудани луғати забони адабии тоҷикӣ.

Ба шарофати ин сабки хоси тарҷумонии худ, ба қавли А.М. Баҳодуров, “ Сотим Улуғзода бо камоли ҳунар “Ҳамлет” – ро тоҷикӣ кард, “Достони Тил Уленшпигел” ва “Дон Кихот” ҳамчун сарвати адаби худӣ пазирруфта шуданд”.

Шосаидов Акбаршо, омӯзгори кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ.