ИСТИҚЛОЛ НАМОДИ МИЛЛАТИ ОЗОД АСТ

Миллати куҳантаърих ва тамаддунофари тоҷик дар тули ҳастии худ вобаста ба гардиши рӯзгор, падидаҳои табиат, авзои сиёсию иҷтимоӣ ва амсоли инҳо ҷашну идҳое дорад, ки ҳоизи аҳаммияти байналмилалист. Монанди ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон, Рӯзи Модар, иди қурбон, иди фитр ва ғайра, ки ҳар як марбут ба таърихи пуршебу фарози ин миллати дерсоли фарҳангофар аст. Яксари ин иду ҷашнҳо сармашқи миллатҳои дигар гашта, ба доир намудани он ба суннатҳои милли мо пайравӣ кардаанд. Дар байни ин иду ҷашнҳои миллӣ ҷашни Истиқлол мақоми хос дорад ва чун марвориди пурбаҳо ҳастии миллатро дурахшон кардааст, зеро барои ҳар як миллат расидан ба Истиқлол ва ба даст овардани соҳибихтиёрӣ неъмати бузург аст. Аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Бад-он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Мо дар арафаи 35-солагии Ҷашни Истиқлол қарор дорем. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 аз табеияти собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ Сотсиалистӣ хориҷ шуд ва Истиқлоли худро эълом дошт. Ҷашни Истиқлол яке аз ҷашнҳои асосии расмии Тоҷикистон аст, ки ҳар сол бо шукуҳ таҷлил мегардад. Баъзе бар онанд, ки «Истиқлол ба мо чун туҳфаи яздонӣ осон ба даст омад» ва «Истиқлоли ҷумҳурии мо бо оромию осудагӣ сурат гирифт». Аммо як назари кӯтоҳ ба таърихи миллат собит менамояд, ки руҳи озодихоҳӣ дар хуни миллати чафодидаи тоҷик аст, ки борҳо бар зидди истилогарон ҷангидааст. Аҷнабиёни истилогаре чун мақдуниҳову арабҳо, муғулҳову туркҳо ва ғайра ба сарзамини мо ҳуҷум овардаанду ватани биҳитшосои моро ба хоку хун кашидаанд. Дар ҳама ин давраҳои пурҳаводис халқи тоҷик аз муборизаи озодихоҳӣ даст накашидааст. Номи ҷавонмардони муборизи миллати тоҷик, ки дар сафи пеши муборизон буданд, чун Шераку Спитамен, Деваштиҷу Темурмалик, Маҳмуди Торобию Восеъ ва дигарон дар сафҳаи таърих сабт гашта муборизаву ҷонфидоии онҳо то ба имрӯз намунаи ибрати ватанпарстӣ ва истиқлолхоҳии ҷавонони худшиносу равшанзамир аст.

Ҳарчанд дар тули таърихи дароз баъд аз давлати адабпарвари миллии тоҷикӣ –Давлати Сомониён бар сари ҳокимияти сарзамини тоҷикон аҷнабиён ҳукумат доштанд, аммо ҳама ин аҷнабиён «зери тамаддуни тоҷикон афтода, ночор коргузории давлатиашро бо забони тоҷикӣ пеш мебурду ба низоми идоракунии он такя мекард. Ин қудрати нерӯи илму фарҳанги тоҷикон буд, ки ҳеҷ гуна яроқи аҷнабӣ он корро иҷро кардан наметавонист». Яъне тоҷикон ҳеч гоҳ аз истиқлоли фарҳангӣ маҳрум набуданд ва ҳама он давлатҳое, ки баъд аз Сомониён дар сарзамини мо ҳукумат ронданд, назди хиради воло, забони фохир ва кеши барҳаки миллати тоҷик сар хам карданд ва системаи давлатдорияшон ба забони тоҷикӣ ба роҳ монданд.

Дар истиқлоли фарҳангии миллат хидмати бузурги шоирону нависандагон ва олимони миллат хеле бузург аст, ки осори офаридаи онҳо на танҳо дар фарҳанги миллати тоҷик, балки дар тамаддуни башар мақоми бузург дорад. Имрӯз исми Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,Абуалӣ ибни Сино, Ибни Рушд, Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва ҳазорон сухангустарони дигари тоҷик бо ҳарфҳои заррин дар тамаддуни башарӣ сабт асту миллатҳои дигар низ аз осори инсонсози онҳо баҳра мебардоранд.

Баъд аз Истиқлол душманони миллати тоҷик бо воситаи зархаридони дохилии худ, монанди ҳизбҳои сиёсии манфиатталабе чун ҳизби наҳзати ислом ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар Тоҷикистон пиёда намуданд, ки дар натиҷа кишвар ба бесарусомонӣ, ноамнӣ ва фалаҷшавии тамоми соҳаҳо оварда расонд ва ҷумҳурии тозаистиқлол ба вартаи нобудӣ қарор дошт. Дар чунин замони номусоид Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии ҶТ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар Қасри Арбоб баргузор шуд ва заминае барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар ин иҷлосия сарварии давлат ба души сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи худ тавонист миллатро аз парокандагӣ наҷот диҳад ва ба сулҳу Ваҳдати миллӣ бирасонад.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ, алалхусус дар Паёмҳои хеш донистани таърих, тамаддун ва фарҳангу адабиёти миллатро омили асосии таҳкими ваҳдат, давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ шумориданд ва зиёиёнро даъват намуданд, ки «ба умқи ҳазорсолаҳои дури таҳхонаҳои сокиту пурасрори таърих» роҳ пайдо кунанд, таърихи миллатро омӯзанд ва дурдонаҳои тамаддуну фарҳанг ва адабиёти миллатро дастраси ҳамагон қарор диҳанд. Дар ин амали хайр, пеш аз ҳама, худи Сарвари давлат иқдом намуданд ва силсилаи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро доир ба таърихи миллат навиштанд ва перомуни кору амал ва фаъолияти эҷодию сиёсии абармардони таърихи миллат чун Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон асари мондагори хеш – «Чеҳраҳои мондагор»-ро таълиф карданд, ки имрӯз чун дастури раҳнамо барои донишҷӯёну донишпажӯҳон ва алалхусус зиёиёни асили кишвар хидмат менамояд.

Мо дар арафаи ҷашни сию панҷумин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҷашни Истиқлол моро водор менамояд, ки ба гузашти дуру наздики таърихи миллат рӯ биоварем, онро биёмӯзем, то ба кунҳи маънои истиқлолу озодӣ бирасем, зеро миллате, ки аз таърих сабақ намеомӯзад, ногузир ба такрор он аст. Руҳияи истиқлолхоҳӣ ва озодманишӣ тору пути ҳастии миллати моро танидааст. Мафҳуми озодихоҳӣ ё худ истиқлолталабӣ дар адабу фарҳанги мо падидаи нав нест, балки реша дар қаъри таърих дорад ва метавон гуфт, ки аз даврони нахусттамаддун ва нахустдавлати мардуми ориёӣ, аз «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и Куруши Кабир сарчашма мегирад. Бунёдгузори давлати ориёии Ҳахоманишӣ Куруши Кабур дар дунёи қадим алорағми ҳама шоҳону давлатдорони худкома дар Эъломияи худ озодии инсонро тарғибу тарвиҷ кард. Дар китоби мукаддаси ойини зардуштӣ – “Авесто”, ки ёдгори хаттии ниёкони тамаддунофари мо дар аҳди бостон аст, озодии инсон мақоми хос дорад. Дар адабиёти асримиёнагии мо низ озодии инсон аз паёмҳои асосии мавзуи шеъри шоирони бузурге амсоли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайёму Ҳофизи Шерозӣ ва ҳазорони суханварони дигар аст, ҳарчанд ки ин озодӣ бо мақсаду маромҳои гуногун баён шудааст. Чунончи, яке аз паёмҳои аслии ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ озодии инсон аст аз ҳама гуна тааллуқот, ки ӯро аз расолати худ дур медорад:

Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд

Зи ҳар чӣ ранги тааллуқ пазирад, озод аст.

Мафҳуми озодӣ ба маънии сиёсии он дар адабиёти даврони Шуравӣ бештар мавқеъ пайдо мекунад ва аз «Суруди озодӣ» ё худ «Марши ҳуррият»-и устод С. Айнӣ сар карда, то ашъори ҷавоншоирони он даврон мафҳуми озодӣ ба тарзҳои гуногун тарғибу ташфиқ шудааст. Дар адабиёти даврони Истиқлол ин мафҳмҳои истиқлолу озодӣ тобиши миллӣ мегирад, ки метавон садҳо мисол овард.

Хулоса, мафҳуми истиқлолу озодӣ дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон мафҳуми нав нест,балки реша дар каҳри таърих дораду дар ҳама давру замон озодихоҳию истиқлолталабӣ аз мавзуъҳои марказии адабу фарҳанги мо будаву ҳаст. Ва ин Истиқлоли давлатӣ ба мо-тоҷикон ба осонӣ даст надод, ҷони 150 ҳазор тоҷику тоҷикистониро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рабуд. Панҷ соли ҷанги шаҳрвандии иқтисодиёти моро ба куллӣ хароб кард ва аз ҳама бадтар, хатари аз харитаи ҷаҳон нопадид гардидан ба Тоҷикистони тозаистиқлол таҳдид мекард.

Душманони миллати тоҷик ба ҳеч ваҷҳ намехостанд ин миллати накуномро соҳибдавлату соҳибистиқлол бинанд. Душманони хориҷӣ бо воситаи нукарони дохилиашон тарҳи нобудии миллатро кашиданд ва ҷанги таҳмилии шарҳвандиро пиёда намуданд. Воқеан, метавон Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оғози давлатдории навини ин миллати куҳанбунёди тозаистиқлол шумурд. Ваҳдати миллӣ давлати моро аз нобудӣ раҳонд ва миллати ҷафодида бо роҳбариии Сарвари хирадмандаш рӯ ба созандагӣ овард.

Аммо ин ҳама дастовардҳои замони Истиқлол, ки чун офтоб равшан аст, набояд моро фориғҳол гардонад. Имрӯз низ душманони миллат ба марзу буми кишвари мо чашм дӯхтаанд ва фарзандони нохалафу хоини миллат ба бадном кардани давлати тоҷик машғуланд. Замони муосир замони бархурди тамаддунҳост. Дар ин ҷидоли тамаддунҳо ҳамон миллат солим мемонад, ки тамаддуну фарҳанги ғанӣ дошта бошаду суннатҳои миллиии худро сармашқи зиндагияш қарор диҳад ва фарзандҳояшро дар руҳияи ифтихори миллӣ тарбият намояд. Агар сарбозони ҷонфидои Ватан марзу буми кишварро бо ҷони худ дифоъ мекунанд, пас, вазифаи ҷонии зиёиён- рӯшанфикрон аст, ки насли наврас, ҷавонони Ватанро дар руҳияи ифтихори миллӣ тарбият намоянд. Хушбахтона, миллати тоҷик дорои фарҳангу адаби бузург ва суннатҳои миллии созандаест, ки дар тулии таърихи пурҳаводис маҳс ин мероси маънавии ниёкон боиси бақои миллат гаштааст.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта ишора намуда, омӯхтани мероси маънавии ниёконамонро сарчашмаи асисии худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ донистаанд: Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузурги ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯ меоварем. Охир, як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуни мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад».

Вазифаи ҷонии мо- зиёиёни кишвар аст, ки ин дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор диҳем ва дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, дар руҳияи ифтихори миллӣ тарбият намудани ҷавонони Ватан саҳим бошем.

Шарифмурод Исрофилниё, доктори илми филология, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филология ва рӯзноманигорӣ.