(Ба ифтихори 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Мо, ифтихор аз он мекунем, ки имрӯз Истиқлоли давлатиамон комилу неруманд аст ва 35 – умин солгарди ин санаи муборакро таҷлил менамоем. Баҳри то ба ин сатҳ расидани Истиқлоли давлатӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии аҳли кишвар басо бузург аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ин дастоварди арзишмандро самараи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси кишвар арзёбӣ кардаанд: “Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории милли тоҷикон мебошад”.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки дар охири асри ХХ ба даст омад. Ин неъмати бузург бо омаданаш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз фароҳам намуд.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард.
Яке аз муҳимтарин дастоварди Истиқлоли мо он аст, ки тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард, дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд ва миллати тамаддунофари тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кард.
Вақте тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар вазъи ногувори давлатҳои ҷаҳонро мебинам, шукр аз он менамоям, ки мо ҷавонон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем. Бинобар ин, муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолият – ин дастоварди бузург вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.
Пеш аз ҳама Истиқлолият ин сарбаландиву сарфарозӣ ва озодиву якдилии миллати тоҷик аст. Ҳоло Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як фарди кишвар масъулияти бузургеро талаб менамояд. Ин масъулият ҳифз ва муқаддас доштани чунин дастоварди бебаҳост. Оре, дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳар як сокини кишвар мафҳуми истиқлолиятро хуб ва аниқ дарк кунад. Хусусан, мо бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузорем.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки ормонҳои ҳазорсолаи гузаштагони худро амалӣ намоянд. Истиқлоли давлатӣ шароити арзандаро барои ташаккул, шинохт ва татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд овард.
Бояд қайд кард, ки дар замони 35 – соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст омаданд.
Аз ин хотир, моро мебояд, ки хизматҳои фарзанди фарзонаи миллатро қадр намуда, Истиқлоли давлатиро бо роҳи худшиносии миллӣ, донистани таърихи миллат, эҳёи суннатҳо, рушди илму адаб ва монанди инҳо нигоҳ дорем.
Наргис Гуламадшоева, муаллими калони кафедраи забони русии факултети забон ва адабиёти рус.