Боиси ифтихор аст, ки омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Кароматулло Абдуллоев дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи “Сарояндагӣ- жанри эстрадӣ” сазовори ҷойи дуюм ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмунро гирифт.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, рушди санъату фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҷавонон, муаррифии арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон ташкил ва баргузор карда мешавад.


