ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РИСОЛАТИ ТАРБИЯИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки рушди босуръати илм, технология ва дигаргуниҳои амиқи иҷтимоӣ тавсиф меёбад, масъалаи тарбияи насли худшинос, соҳибмаърифат ва масъулиятшинос ба яке аз афзалиятҳои муҳимми сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувореро ҷиҳати рушди инсон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва омода намудани наслҳои оянда ба талаботи замон пеш мебарад.

Қабули пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036)” аз ҷониби СММ на танҳо ташаббуси сиёсӣ, балки барномаи фарогири инсонпарваронаест, ки ҳифзи сулҳ, тақвияти фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва тарбияи маънавию шаҳрвандии насли ҷавонро ҳадафи худ қарор додааст. Аз дидгоҳи психологӣ ва иҷтимоӣ ин иқдом барои ташаккули шахсияти солим, рушди тафаккури созанда ва таҳкими масъулияти шаҳрвандии ҷавонон аҳаммияти бузург дорад.

Илмҳои ҷомеашиносӣ собит намудаанд, ки ояндаи ҳар давлат, пеш аз ҳама аз сифати сармояи инсонӣ, ҳолати равонӣ ва маънавии ҷавонони он вобастагӣ дорад. Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, инчунин, Хазинаи кӯдакони СММ дар гузоришҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки сармоягузорӣ ба таълим, рушди ҷавонон ва сармояи инсонӣ асоси рушди устувори давлат мебошад. Аз ин рӯ, рушди наслҳои оянда бояд на танҳо ҳамчун масъалаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун масъалаи стратегии амнияти миллӣ ва рушди устувори давлат арзёбӣ гардад.

Аз нуқтаи назари психологӣ, шахсият дар муҳити иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Арзишҳо, эътиқод, ангеза, ҳисси масъулият, худшиносӣ ва ҳадафгузории инсон маҳз дар муҳити солими оилавӣ, низоми самараноки маориф ва фазои мусбати ҷомеа инкишоф меёбанд. Аз ин рӯ, пешниҳоду ташаббусҳое, ки ба рушди маориф, илм, фарҳанг, ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ нигаронида шудаанд, танҳо ислоҳоти соҳавӣ нестанд, балки воситаи ташаккули шахсияти солим ва рақобатпазири наслҳои оянда мебошанд.

Дар психологияи муосир мафҳуми «тафаккури ояндабин» (Future-Oriented Thinking) мавқеи муҳим дорад. Ин қобилияти инсон барои пешбинӣ намудани натиҷаи амалҳо, банақшагирии ҳаёт ва қабули қарорҳои муҳим масъул мебошад. Шахсе, ки чунин хусусиятро дорост, сатҳи баланди худназораткунӣ, устувории андеша ва масъулияти шаҳрвандӣ дорад. Маҳз ҳамин навъи тафаккур метавонад ҷомеаро ба рушди устувор раҳнамоӣ намояд. Иқдомҳои Пешвои миллат дар даврони сиҳибистиқлолии Тоҷикистон саршор аз андешаҳои ояндабинона ба хотири ҷомеаи башарият мебошанд.

Аз ин ҷиҳат, пешниҳоди навбатии Пешвои миллатро дар мавриди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” метавон ҳамчун сиёсати ташаккули психологияи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Мақсади асосии Пешвои маҳбуби миллат танҳо ҳалли мушкилоти имрӯза нест, балки ташаккули шахсиятест, ки дар оянда тавонад арзишҳои миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва рақобатпазирии кишварро ҳифз ва таҳким бахшад.

Психологҳо бар он назаранд, ки яке аз омилҳои асосии рушди шахсият мавҷуд будани ҳадафи равшан мебошад. Вақте ҷавонон дурнамои муайяни зиндагӣ, имконияти таҳсил, рушди касбӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеаро мебинанд, сатҳи ангеза, худбоварӣ ва масъулияти онҳо ба маротиб боло меравад. Дар чунин муҳит эҳтимоли зуҳури падидаҳои номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, ифротгароӣ, тероризм ва хиёнат ба миллат коҳиш меёбад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, сиёсати давлатӣ дар самти рушди ҷавонон ва маориф ҳамчун воситаи ташаккули амнияти психологӣ хизмат мекунад. Амнияти психологӣ маънои онро дорад, ки шаҳрванд эҳсоси эътимод ба давлат, ҷомеа ва фардои худро дорад. Маҳз чунин эҳсос асоси рушди шахсияти фаъол, эҷодкор ва ватандӯст мебошад.

Ҳамин тавр, дурнамои рушди наслҳои оянда танҳо маҷмуи барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ нест, балки, пеш аз ҳама, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги равонӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти иҷтимоӣ мебошад. Ин омилҳо дар маҷмуъ намунаи рушди инсониро ташкил медиҳанд, ки имрӯз яке аз меъёрҳои асосии пешрафти давлатҳои муосир ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми таҳлили пешниҳоди навбатии Пешвои миллат хулоса кардан мумкин аст, ки ин шахсият воқеан инсони бузург ва дурандеш мебошад. Зеро психологон дар нишонаҳои инсони муваффақ ва дурандеш андешаҳоеро иброз намудаанд, ки дар рафтору муносибат, донишу заковат, тафаккуру андешаи Пешвои маҳбуби миллат инъикос ёфтааст. Масалан, муҳаққиқ Абраҳам Маслоу дар назарияи худ оид ба худтакмилдиҳӣ таъкид мекунад, ки инсони комил ҳамеша ба оянда менигарад, қобилиятҳои худро рушд медиҳад ва барои расидан ба ормонҳои олӣ кӯшиш менамояд. Олими дигар Виктор Франкл чунин меҳисобид, ки инсон вақте зиндагии пурмазмун дорад, барои ояндаи худ ҳадаф мегузорад. Ба гуфтаи ӯ: «Касе, ки чаро зиндагӣ карданро медонад, ҳар гуна душвориро паси сар мекунад.». Л.С. Вигодский исбот мекунад, ки муҳити иҷтимоӣ ва таълим дар рушди тафаккур, худидоракунӣ ва қобилияти банақшагирии ояндаи инсон нақши ҳалкунанда доранд.

Хулоса, таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда танҳо бо сохтмони иншоот ё рушди иқтисод маҳдуд намешавад. Асоси он таҳкими сулҳ, суботи сиёсӣ, амнияти ҳаёти инсон, ҷаҳонбинӣ, дониш, ахлоқ ва ҳолати равонии ҷомеа мебошад. Иқдоми Пешвои миллат маҳз ба ташаккули чунин ҷомеаи инсонӣ нигаронида шудаанд ва аз ин рӯ аҳаммияти стратегии он барои имрӯз ва фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр бузург аст. Ба таъкиди дигар қабули пешниҳоди мазкур муҳимтарин иқдом дар сатҳи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, аз нигоҳи психологӣ-иҷтимоӣ сулҳ муҳити мусоидеро барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии инсон таъмин намуда, дар ташаккули шахсияти солим ва фаъоли ҷомеа нақши калидӣ мебозад.

Бобобекзода Меҳроҷидин, сармушовири академии факултети забон ва адабиёти рус.