Омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва нақши Пешвои миллат дар барқарории низоми босуботи ватан. Аз ибтидои солҳои 1988 марҳила ба марҳила коҳишёбии низоми давлатдории давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ оғоз гардида, сабаб шуд, ки ҷунбиши миллии озодихоҳӣ дар давлатҳои аъзо ба вуҷуд оянд. Тоҷикистон яке аз ҳамин давлатҳо ба ҳисоб рафта, дар муқоиса ба дигар давлатҳо пазируфташавии ин равандро бештар қабул намуд. Асоси ҷунбиш ё ҳаракати озодихоҳиро истиқлоли ҳар давлату миллат ташкил медод, ки ин албатта, хеле хуб ва пазируфтанист. Аммо, мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолат ба ин шакл қабул ва идома наёфт, баръакс, дар як сангар тарафдорони ҳукумат ва аз тарафи дигар, мазҳабиёни исломгаро қарор гирифтанд. Мақсади тарафдорони ҳукумат иҷрои вазифаҳои сиёсии давлат буд, ки ин роҳ равшану фаҳмо аст, вале ҳадафи гурӯҳи мухолифин бар хилофи ҳама низомҳо таъсиси давлати исломӣ бо қонунгузориҳои асримиёнагӣ буд. Ҳамин нобасомонӣ боис гардид, ки ба низоми сиёсии давлат дигарон дахолат намуда, алангаи оташро барафрӯхта, муқовимати байни қавмию маҳаллиро тезонида, ба шуруъ ва давомёбии ҷанги шаҳрвандӣ имкониятҳо фароҳам оварданд. Ин ҳолат агарчи пардапӯшонаю гоҳо ошкоро сурат мегирифт, вале соли 1992 бархурдҳо хеле шиддат гирифта, соли 1993 тамоми мамлакат ба ду гурӯҳ тақсим шуд.
Агар рафти ба вуқуъ омадани ҷанги шаҳрвандӣ ва сабабҳои оғози онро мунсифона баҳогузорӣ намоем, маълум мешавад, ки ин ҳолат якнавохт набуда, омилҳои объективӣ ва субъективӣ дорад. Аз як тараф, мушкилиҳои иқтисодӣ ва беқурбшавӣ (инфлятсия), аз тарафи дигар, шиддат гирифтани мухолифатҳои иҷтимоӣ ва норозигии ҷомеа дониста мешавад. Ҳамин равиш сабаб шуд, ки тафаккури қавмию маҳаллӣ рушд ва андешаи догматикии динӣ барои мусаллат шудан байни қишрҳои поёнии ҷомеа доман паҳн намуд. Чунонки академик К. Олимов қайд мекунад, дар раванди оштии миллӣ омилҳое ба майдони марказӣ кашида шуданд, ки эътимоду бовариро аз байн бурданд. Аз ин лиҳоз, “бисёрҷабҳагии ихтилоф дар он қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва динӣ бо нишондоди ҷаҳонбинӣ ва мақсадҳои сиёсии худ фарқкунанда буданд”.
Ин давраи таърихӣ барои тамоми мардуми тоҷик мушкил буд. Аллакай дар байни ҷомеа қувваҳои сиёсии мухталиф нуфуз пайдо намуда, ба низоми идоракунии давлат халал эҷод карда, пайваста бо фаъолиятҳои бенизом қудрати худро нишон медоданд. Илова бар ин, муҳимтарин чизе, ки барои халалдоршавии ҷомеа ва давлати тозаистиқлол заминаҳо фароҳам меовард ин таъсиси аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои муттаҳидшуда буд, ки баръакси қонунгузориҳо амал намуда, ҳадафашонро на ба хотири истиқрор ва ободонӣ, балки ба самти тасарруфи ҳокимияти сиёсӣ равона карда буданд. Ин раванд боис гардид, ки дар ҷомеа гурӯҳҳои худхоҳи манфиатҷӯ ба ҳам омада, дар зери ниқоби дин сиёсикунии онро хостор шуданд, ки ин албатта, ба низоми фаъолияти баъдӣ зарбаҳои бесобиқа бузург ворид намуд.
Бо назардошти ин мухолифатҳо, роҳбарияти олии онвақта кӯшиш намуданд, ҳарчи зудтар пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шавад ва ба ин хотир, Ҳукумати муросои миллиро таъсис доданд, то ҳама нооромиҳоро хотима бахшанд. Агарчи ин ҳукумат таъсис дода шуда бошад ҳам, мутаассифона, бо ҳастии худ ба хунрезиву хушунатҳо байни тазоҳургарон дар ду майдони “Шаҳидон” ва “Озодӣ” хотима дод, вале натавонист аз ҷанги хунини шаҳрвандие, ки Тоҷикистон беист ба вартааш фурӯ мерафт, пешгирӣ кунад”.
Сарфи назар аз амалкарди ин ҳукумат, ашхоси манфиатҷӯ – мухолифони худхоҳ пиндорашонро иваз накарда, ҳамоно корҳои худ – тасарруфи мол, ғасби ҳокимият ва ғайраро бо ба даст овардан идома дода, мехостанд низоми давлати исломиро марҳила ба марҳила болои шаҳрвандон таҳмил намоянд. Вале миллати куҳантамаддуни тоҷик ин афкори манқуртонаро ба хубӣ дарк намуда, барои озодии миллат ва давлат ба мубориза бархостанд.
Хушбахтона, муборизаи онҳо ба таври анъанавӣ роҳандозӣ нашуд ва аз рӯзҳои нахуст бо усули нав ҳадафҳо тарҳрезӣ шуда, баҳри такмили муқовимат дар вилояти Лелинобод (ҳоло Суғд), Иҷлосияи XVI тақдирсози Шурои Олӣ баргузор ва Раиси Шурои Олии оянда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки ин ҳамоиш ва интихоби содиқона тавонист дарвозаи хушбахтиҳоро ба рӯйи миллати азияткашида боз намояд.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияти корӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ пайваста роҳҳои ҳалли низоъҳоро ҷустуҷу намуда, бо муҳаббати саршор низоми фаъолияти дурусти ояндабиниро баррасӣ карда, барои пешгирии ҷанги таҳмилӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешид. Ӯ ҳамчун шахси ватандӯсту ояндабин “оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, дарк намуда… роҳи гуфтушунид ва музокираро пеш гирифт».
Барои ба мақсадҳои миллӣ расидан ва мухолифони ҳукуматро муттаҳид намудан имкониятҳо маҳдуд буданд, барои ин қувваи иловагие зарур буд, ки раванди корро такон диҳад. Бинобар ин, роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаро ба иттиҳод хонда, иброз дошт, ки дар чунин шабу рӯз кишвар ба олимону донишмандон ва сиёсатмадорони ватандӯст ниёз дорад, то ба воситаи неруи дастаҷамъона ватанро аз вартаи ҳалокатбор раҳо созанд. Воқеан, ҳамин тавр ҳам шуд.
Бо кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳар ду қувваи мухолиф ба ҳам омада, баъд аз чандин музокираҳои номуваффақ, билохира, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида, дурнамои иттиҳоду ваҳдати миллӣ тарҳрезӣ ва аркони давлати соҳибистиқлол зина ба зина гузошта шуд.
Ҳамакнун, аз имзои Созишнома 29 сол сипарӣ шуд ва ҳамагӣ шоҳидӣ ин ҳама дастовардҳои бесобиқа бузург дар тамоми соҳаҳо гардидаем. Аз ин хотир, пайваста ба ҳимояи суботу оромиш, ягонагию ҳамдилӣ ва дар умум, ваҳдати миллӣ бошем, то ин ҳама ганҷи бо ранҷ ба даст омада, бо ояндагон бо тақвият ба мерос монад.
Пешвои ваҳдатофар. Ваҳдати миллӣ, аслан, марбут ба ташаккули давлати миллист”. Бо ин назардошт метавон гуфт, ки дар рушду густариши ҳар миллату давлат самтҳои афзалиятнок ва шахсиятҳои комил нақши калидӣ мебозанд. Ҳамин равиш дар кишвари тозаистиқлоли мо баръало назаррас буда, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидкунанда ва Пешвои миллат ҳамчун шахсияти сиёсии ба танзимдароварандаи он ба ҳисоб меравад. Чуноне ки худи ӯ мегӯяд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам”.
Ба дурустӣ ҳамин пиндор дар ташаббусҳои мардумсолори роҳбари давлат амалӣ гардида, миллати тоҷикро муттаҳид ва дурнамои давлатдориро побарҷо намуд ва дар тамоми самтҳои иҷроияи Ватани азизамон нақши муассир гузошт.
Мусаллам аст, ки шинохти арзишҳои ҳар миллатро бевосита баҳогузорӣ карда мешавад ва маҳаки банизомдароварандаи ин ченак ваҳдати миллӣ дониста мешавад. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат нахуст аз рӯзҳои аввали фаъолияти корӣ инро дарк намуда, муддатҳо барои ин сулҳи ибратомӯз талош карда, мақсадгузорӣ намуд, то фарҳанг ва тамаддуни ин миллати куҳанбунёд ба таври ҳақиқӣ бозгӯ ва муаррифӣ карда шавад. Зеро иттиҳоду ваҳдат намоде аз ҳамдигарфаҳмӣ буда, ҳамчун восита метавонанд ба рушди андешаи миллӣ таъсиргузор ва ҳимоятгари моҳияти фарҳанг ва тамаддун бошанд. Болотар аз ин, ваҳдат фарогири вазъу ҳолати оила, муҳит, мактабу донишгоҳ ва дар умум, ҷомеа буда, таъмини амнияти миллатро дар ҳама самтҳо – иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар бар мегирад. Бо ҳастии чунин иқтидор бе шубҳа савол пайдо мешавад, ки раванди бавуҷудойии ваҳдат объективӣ аст ва ё хусусияти субъективӣ дорад? Раванди ваҳдатофаринӣ бавосита буда, аз ҷониби субъектҳои сиёсӣ тавассути иҷроиши муносибату фаъолиятҳо ба танзим дароварда шуда, мақсад аз он ҳамгироӣ ва ҳамкорие дониста мешавад, ки созандаи дурнамои муваффақона бошад. Чунончи, ин амали ватандӯстона дар сархати шоистакориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, муҳаққиқи тоҷик профессор Қ. Восеъ дар асараш “Аз Қасри арбоб то кохи Ваҳдат (2006)” чунин менависад: “Воқеан, ба ҷасорату хиради Президенти ҷумҳурии мо дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир қоил шуданд ва баҳои сазовор додаанд”, ки албатта ин, нишона аз асолату рисолати ориёӣ будани ӯ дарак медиҳад.
Президенти маҳбуби кишвар баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки иттиҳоди мардумиро фаро гирифта буд, ба марҳилаи нави созандагиҳо аз рӯйи низоми фаъолияти сиёсӣ рӯ оварда, то охирин нуқта кӯшиш намуд, ваъдаеро, ки ба халқ дар Иҷлосияи тақдирсоз дода буд: “Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам осуда намехобам”, иҷро намуда, охирин гурезаҳои иҷбории ҷанги шаҳрвандиро ба Ватан баргардонид. Ин ҳам дар шакле сурат гирифт, ки на танҳо худи фирориҳо, наздикони онҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори ризоият ва хушнудӣ намуданд, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун ибтикори башардӯстона ва сиёсати инсонмеҳварона дониста, ӯро бо чунин ҷавонмардона пайкораш қаҳрамони сулҳ эълон намуд.
Агарчи дар он рӯзгори даҳшатбор ваҳдати гумшуда ёфт ва мардуми фирорӣ баргардонида шуда бошанд ҳам, эҳсоси ваҳдати миллии сартосарӣ ҳанӯз ҳам побарҷо набуд. Дар он замон низоми фаъолият дар самтҳои хоҷагии қишлоқ, корхонаҳои давлатию шахсӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар соҳаҳо дуруст ба назар намерасид. Ин қадами навбатӣ, сабаб гардид, ки таҳкими ҳокимияти сиёсӣ дар дохили мамлакат ҷоннок ва муносибатҳои байналмилалӣ пурзӯр карда шаванд. Аз ҳамон рӯзҳои аввали роҳбари сиёсӣ будани Пешвои миллат аллакай маълум буд, ки сиёсати муваффақи созанда ӯро дар пеш интизор аст, зеро яке аз корҳои беназари ӯ дар ин самт, ҷонибдорӣ ва ташкили сиёсати дарҳои боз аст, ки ба ин васила, таваҷҷуҳи сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон нигаронида шуда, дар рушди фаъолиятҳои тадриҷии муваффақона саҳмгузоранд.
Чунонки ба назар мерасад, корҳои бузурге баҳри эъмори давлати тозаистиқлол аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозӣ карда шудааст. Дар ин хусус, саволе ба миён меояд, ки чӣ хел ва бо кадом роҳҳо ин корҳои бузург анҷом дода мешавад? Равшан аст, ки шахсиятҳои боризу муваффақ аз падарону модарони баор, оилаҳои поксиришт ва халқияту миллатҳои бузург ба дунё меоянд. Ҳамин аст, ки Пешвои сарфарозу муваффақи миллати тоҷик дар чунин муҳит ба дунё омадаву рушд намуда, овози ин миллатро то минбарҳои баланди байналмилалӣ расонида, ҳамзамон, маншаи ҳастӣ ва таҳрики ин қудрату тавонмандиро аз азамати тамаддунофари миллаташ дониста, омирона мегӯяд: “Рисолати ваҳдатофарии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархурди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гирдида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст”.
Бо эътирофи чунин арзишҳои беназири ваҳдатофар иттиҳоду ягонагӣ на танҳо таъминкунандаи дӯстию бародарӣ дар дохили кишвар, балки барқароркунандаи иттиҳоди муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, василаи ташвиқи фарҳанги ғанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯзҳо дар ин самт, бо дастгириҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик, хусусан, Пешвои миллат, ваҳдати миллӣ ҳамчун раванди эҳёи асолати фарҳангӣ хусусияти объективӣ касб намуда, дар ин замина, афкори ҳувиятсозӣ, худогоҳию худшиносӣ ва муносибату рафоқатҳои ваҳдатофар густариш ёфта, дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа, хоса ҷавонон муҳаббати баробарарзиширо тарғиб намуда, баҳри баланд бардоштани тараққиёти ҷомеа мусоидат менамояд. Дар воқеъ, ҳамин садоқати олӣ ба ғояи ваҳдат, ба ғояи ягонагии навъи башар дар андешаи миллии тоҷикон ба ҳукм пойдевори адолати иҷтимоӣ пазируфта шудааст. Сабақандӯзӣ аз ин ҳикматҳои таърихӣ ва корбандии он дар қазияҳои сиёсӣ дар остонаи ҳазорсолаи нав тоҷиконро аз хатари нобудӣ бурун овард ва пояҳои давлати навини тоҷиконро устувор намуд…
Муҳаққиқ дуруст қайд мекунад, ки бо ҷоннисориҳо ва хиради волои Пешвои миллат мардуми шарафманди тоҷик тавонист, ки ба ин марҳила расад ва ваҳдати сартосарӣ ин ватани биҳиштосоро фаро гирад. Маврид ба ёдоварӣ аст, ки ин муваффақиятҳо ва дастовардҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ба осонӣ ба даст наомада, мушкилоти таърихии зиёдро пушти сар намуда, хатари парокандагию нобудӣ борҳо ин ватанро таҳдид карда, дар тули беш аз ду ҳазор сол онҳо ҳувияти худро ҳифз карда, то ба боргоҳи истиқлоли миллию давлатӣ расидааст.
Ин хизматҳои содиқона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созандагию ободкории Ватан бесобиқа буда, ба ин васила, ӯро метавон қаҳрамони ҷонфидои миллат на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ донист. Маҳз, Пешвои миллат тавассути ҳамин ташаббусҳо назди роҳбарони давлатҳои абарқудрат мавқеъ гирифта, дар ин хусус, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин чунин мегӯяд: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил бо барқарории сулҳ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест… Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад”.
Аз ин кирдорҳои ваҳдатофар бармеояд, ки ӯ меъмори сулҳ, сиёсатмадори ваҳдатсаро ва Президенти мардумӣ бо шоҳкориҳои ҳамидааш дар дили мардуми тоҷик ҷой гирифта, ҳамчун ормони миллат ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба неруи зеҳнии созандаи ӯ пайваста такя мекунад.
Ваҳдати миллӣ ва силисилаи муваффақиятҳои замони Истиқлол. Муваффақиятҳои замони Истиқлол, ки дар заминаи кӯшишу талошҳои фарзонагони ин миллат ба вуҷуд омадаанд, манбаи сулҳи пойдор ва сиёсату амнияти муваффақ дар зиндагии шоиста тавассути ваҳдати миллии сартосарӣ дониста мешаванд. Бегумон, ин дастовардҳо миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ номвар месозанд ва эҳтирому эътимоди ҷомеаи башариро бештар мегардонанд. Ба ин хотир, ҳар фарди ин ватанро мебояд, то ки мушкилоту фидокориҳои номуносиби гузаштаи нангинро аз ёд набарорад ва бо қадршиносӣ ба зиндагии муваффақонаи имрӯз дар замири хеш ва наслҳои ҷавон тухми рафоқат кишт намуда, ояндаи накуи созандаро барномарезӣ намояд. Зеро таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки тоҷикон миллати бовиқору таҳамтан буда, бо неруи зеҳнию ҷисмонӣ тақдири хешро бо талошҳои пайваста месозанд ва баҳри иттиҳоду низоми дурусти фаъолияти корӣ аз бозувон истифода бурда, пеши касе сар хам накардаанд. Далели ин гуфтаҳо ҷасорати Пешвои миллат буда метавонад, ки баҳри ободонию созандагӣ ва таъмини амнияти пойдор бамаротиб бо ивази ҷони худ хостори ваҳдату муваффақиятҳо гардид. Ӯ бо такя ба донишу хиради азалӣ батадриҷ низоми фаъолияти сиёсии давлатро қавӣ ва боиқтидор гардонида, стратегияҳои рушди миллӣ ва байналмилалиро дар як давраи ниҳоят мураккаб ва ҳамзамон, маҳдуд ба сатҳи баланди ҷаҳонӣ расонида, Тоҷикистони навинро ҳамчун Ватани ваҳдатофар муаррифӣ намуд.
Ин ташаббусҳо боис гардид, ки дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ваҳдати миллӣ фароҳамоварандаи амнияти миллӣ ва зиндагии шоиста эътироф гардад. Албатта, ин сухани ман ва ё мардуми тоҷик нест, балки натиҷаи таҳқиқоте аст, ки ҳанӯз соли 2017 аз ҷониби нозирони байналмилалӣ анҷом дода шуда, аз байни 136 давлати дунё Тоҷикистон дар мадди аввал қарор гирифта, аз ҳама давлатҳои Осиёи марказӣ ва ҳатто, Россия пешсафӣ дорад, ки ин нишона аз заҳматҳои ваҳдатофаронаи фарзандони бонанги ин Ватан зери роҳбарии Пешвои миллат дарак медиҳад.
Бо таъминоти амният ва сулҳи сартосарии мамлакат дар тамоми самтҳо дастовардҳо муваффақона ба назар расида, муҳимтарин таҳаввулоти ваҳдатофари Тоҷикистони навинро бо чунин шакл метавон ном бурд: Якум, дарки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар замони даргириҳо, сазовор гардидан ба боварии халқ, таҳкими Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, таъмини сартосарии ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот, баргардонидани фирориёни иҷборӣ; Дуюм, ташкили давлати замонавии демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд; Сеюм, ташвиқи сиёсати инсонмеҳвар – баробарии гендерӣ; Чаҳорум, ба ҳам овардани низомҳои қудратӣ аз парокандагию талафёбӣ ва таъсиси гвардияи миллии тавонманде, ки ҳифозати марзу бумро ба дӯш дорад; Панҷум, ба низом даровардани фаъолияти сохторҳои дохилӣ ва тақвият додани муносибатҳои байналмилалӣ бо танзимоти хоси миллӣ; Шашум, қадрдонии руҳи абармардон ва эҳёи суннату оинҳои мардумӣ; Ҳафтум, таъсис ва ташаккули маорифи миллӣ ва рушди таҳсилоти босалоҳият; Ҳаштум, истифодаи самараноки иқтидорҳои моддию маънавӣ ва ташаббусҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ; Нуҳум, таҳия ва қонунигардонии стратегияҳои миллӣ…
Ин ҳама муваффақиятҳои замони Истиқлол, ки бозгукунандаи ваҳдати сартосарӣ дониста мешаванд, бевосита бо ташаббусҳои Пешвои миллат ба вуқуъ омада, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ то давлати абарқудрат расонида, ҳамзамон, ормону шиори ин фарзонамарди оламшумуланд, ки мегӯяд: “Ватанамонро обод гардонем, чароғи маърифатро партавафшон созем ва бо наврасону ҷавонони соҳибзавқи хеш ба дастовардҳои тоза ноил гардем, то онҳо шукуфоии миллатро таъмин намуда, кишвари моро ба як сарзамини аз ҳар ҷиҳат пешрафта, табдил диҳанд”.
Хулоса, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди фаъолиятҳои бонизоми ҳукумати конститутсионӣ боризу назаррас буда, ҳамчун заминаи ғоявии худшиносии миллӣ дар таъмини суботи сартосарӣ, роҳандозии сиёсати давлатии инсонмеҳвар ва ҳифзу нигоҳдории ягонагии идеологияи замони муосир муассир аст. Аз ин рӯ, ҷавонони саодатманди миллатро мебояд аз тадбирҳои муваффақонаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, баҳри суботи сартосарӣ ва рушди иқтидори зеҳнии Ватан ташаббусҳои ӯро тақвият дода, дар ташаккули Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Зеро иттиҳоду ваҳдат – ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи тоҷик зояндаи саодату хушбахтӣ буда, озодию истиқлолият ба ҳамин восита баҳогузорӣ мешавад. Маҳз, ба ҳамин хотир, Ватанро аз ҳарвақта беш дӯст дорем ва баҳри ҳимояти он чун Пешвои миллат ҷоннисор бошем!
Баҳманёр Сулаймонзода, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ.