ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АЗ ҚАРОРИ СИЁСӢ ТО РАМЗИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

“Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони тағйироти босуръати геополитикӣ ва ҷаҳонишавӣ, мо ҳарчи амиқтар дарк мекунем, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо як мафҳуми зебо, балки пояи устувори давлатдории мустақил, амнияти миллӣ ва ояндаи дурахшони мост.

Ваҳдати миллӣ дар мазмуни васеи сиёсиву иҷтимоии худ асосан маънои ягонагии ақлу рӯҳ, ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар бар мегирад, новобаста аз фарқиятҳои забон, манбаъ, мазҳаб, мавқеи иқтисодӣ ё дидгоҳҳои сиёсӣ. Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз арзишҳои муқаддас ва пояҳои асосии суботи сиёсӣ, амнияти иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа маҳсуб мешавад. Ин мафҳум на танҳо бо сулҳу оштӣ ва хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ иртибот дорад, балки ҳамчун зербинои давлатдории муосир ва намунаи ибратбахши фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва гуфтугӯи сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Яке аз вижагиҳои муҳими ваҳдати миллӣ он аст, ки он воқеияти ҳиссиётию сиёсиро ифода мекунад, ки дар он мардум, гурӯҳҳо ва табақоти гуногуни ҷомеа худро як ҷузъи ҷудонашавандаи як миллат ҳис мекунанд. Бояд зикр кард, ки ваҳдати миллӣ натиҷаи худогоҳии ҳар як шахрванд аст, вақте ки ӯ манфиатҳои шахсии худро бо манфиатҳои умумимиллӣ мутобиқ мекунад.

Дар илмҳои муосири сиёсӣ ва таърихшиносӣ, ҳувияти миллӣ (national identity) ҳамчун маҷмуи нишонаҳои фарҳангӣ, таърихӣ, збонӣ ва равонӣ тавсиф мешавад, ки бақои як миллатро дар тӯли асрҳо таъмин менамояд. Барои миллати тоҷик, ки яке аз қадимтарин халқҳои соҳибтамаддуни минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ҳамеша бо падидаи «ваҳдат ва ҳамбастагӣ» вобастагии зич дошт. Таҷрибаи таърихии тоҷикон собит месозад, ки дар давраҳои буҳронӣ ва ҳуҷуми аҷнабиён, маҳз мавҷудият ё набудани ваҳдати дохилӣ тақдири давлатдорӣ ва асолати миллиро муайян мекард.

Дар Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳастии давлат ва бақои миллат арзёбӣ мешавад. Ин таъриф дар худ чунин мазмун дорад: агар ваҳдати миллӣ мавҷуд набошад, пас давлат ҳамчун субъекти комил ва мустақил вуҷуд дошта наметавонад. Аз ҳамин сабаб, таҳлилгарони сиёсатшинос ва муттахассисони ҳуқуқи байналмилалӣ иддао доранд, ки дар мавриди Тоҷикистони муосир, “Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои муҳими таърихии халқи тоҷик” мебошад, ки бе он пешрафт дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ғайриимкон аст.

Таърихи халқи тоҷик ҳам саҳифаҳои дурахшони пирӯзӣ ва ҳам сабақҳои талхи парокандагиро дар хотир дорад. Дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён ва Исмоили Сомонӣ, ваҳдат тавонист мардумро дар атрофи як маркази сиёсӣ — Бухоро муттаҳид созад ва забону фарҳанги моро эҳё намояд. Баръакс, набудани ваҳдати миллӣ дар асрҳои XVIII-XIX боиси аз даст рафтани давлатдории мутамарказ ва заъфи ҳувияти миллӣ гардид. Таърих собит сохт, ки бе ваҳдат ҳеҷ миллат наметавонад асолати худро ҳифз кунад.

Таърихи тоҷикон на танҳо аз саҳифаҳои дурахшон, балки аз сабақҳои талх низ иборат аст. Набудани ваҳдати миллӣ ва афзалият додани манфиатҳои маҳаллию қавмӣ дар асрҳои миёна ва давраҳои баъдӣ боис гардид, ки тоҷикон асрҳо аз давлатдории мутамаркази худ маҳрум шаванд.

Мисоли барҷаста, давраи мавҷудияти аморатҳо ва хонигариҳои ҷудогона (Аморати Бухоро, Хонигарии Хӯқанд ва Хева) дар асрҳои XVIII-XIX мебошад. Мардуми тоҷик дар ин заминҳо пароканда буданд ва худро на бо номи як миллати воҳид, балки бештар бо мансубияти ҷуғрофӣ (бухороиҳо, хуҷандиҳо, кӯлобиҳо, бадахшиҳо, қаротегиниҳо ва ғайра) муаррифӣ мекарданд. Ин сиёсати «порасозии ҳувият» ба он оварда расонд, ки ҳангоми тақсимоти миллию марзии соли 1924, миллати тоҷик қариб буд марказҳои асосии фарҳангии худро комилан аз даст диҳад. Ин дарси таърихӣ нишон дод, ки набудани ваҳдати миллӣ мустақиман ба заъфи ҳувияти миллӣ оварда мерасонад.

Дар аввали солҳои 1990-ум кишвари мо бо бӯҳрони шадид ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯбарӯ шуд, ки ҳастии миллатро зери суол гузошт. Нуқтаи гардиш ва наҷоти давлатдорӣ Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гардид. Маҳз дар ҳамин ҷо Сарвари ҷасури давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии кишварро ба зимма гирифта, қасам ёд карданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва тамоми гурезагонро ба Ватан бармегардонам, ҳатто агар дар ин роҳ ҷони худро фидо кунам!».

27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Ин рӯз рамзи пирӯзии ақлу хиради миллат гардид. Имрӯз таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун «Формулаи сулҳи тоҷикон» омӯхта мешавад.

Ба шарофати сулҳу субот дар кишварамон барномаҳои бузурги стратегӣ, аз ҷумла бунёди НБО «Роғун», роҳҳои байналмилалӣ амалӣ шуда, соҳаҳои илму маориф ва бахши хусусӣ бомаром рушд мекунанд.

Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:

«Маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем».

Мо, ҳамчун ниҳоди илмиву зиёии кишвар, вазифадор ҳастем, ки ин неъмати бузургро қадр кунем ва ҳифз намоем. Бигзор ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ роҳнамои асосии ҷавонони мо дар роҳи илму дониш ва ободии Тоҷикистони маҳбуб бошад!

Қобилов Муҳаббатшо, н.и.с., дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ