Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо арзиши сиёсӣ, балки пояи асосии давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ яке аз пурарзиштарин неъматҳои бебаҳои даврони истиқлол барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои муҳимми тавозуни сиёсӣ, инкишофи босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва оромиву осоиштагии халқ маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати ваҳдат ва ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ Тоҷикистони азизи мо бо мардуми сулҳовару нексиришт тавонист аз мушкилоти солҳои гузашта раҳо ёфта, роҳи рушду суботи сиёсиро пеш гирад. Дар баробари омадани Ваҳдати миллӣ ба сари миллати тоҷик бахту давлат низ ҳукмрон шуд. Ваҳдати миллӣ ва омадани он тавонист дарахти бахту саодати халқу миллати тоҷикро самари нек бахшад. Инчунин, самараи Ваҳдати миллиро ба чунин шакл метавон шарҳ дод:
Самараи сиёсӣ ва давлатӣ: Пешгирӣ аз нестшавии давлати тоҷикон ва парокандагии миллат. Барқарор шудани фаъолияти ниҳодҳои қонунгузор ва иҷроия. Пазируфта шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳхоҳ дар сатҳи байналмилалӣ. Баргардонидани гурезаҳои миллати тоҷик ба ватан аз тамоми мамолики дунё.
Оромӣ ва суботи сиёсӣ: Заминаи асосии пешрафт ва амнияти ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, дар Тоҷикистон маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор ба даст омадааст, ки шаҳрвандони он метавонанд, новобаста аз вақту соат, дар фазои оромиву амнияти давлат гаштугузор намоянд. Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт. (Ин маълумот аз Раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажӯҳишгоҳи амрикоии «Gallup» мебошад.)
Рушди босуръати маориф ва фарҳанг: Ду чароғи асосии маънавияти ҷомеа мебошанд, ки маҳз дар сояи Ваҳдати миллӣ ва осоиштагӣ ба комёбиҳои беназир ноил гаштанд. Ин ду соҳа ба ҳам тавъам буда, яке илму маърифатро густариш медиҳад ва дигаре ҳувият ва таърихи миллатро ҳифз мекунад. Соҳаи илму маориф маҳз дар фазои ором ба авлавияти аввалиндараҷаи давлат табдил ёфт, аз ҷумла сохтмон ва таъмири ҳазорҳо мактаби муосир, синфхонаҳои компютерӣ ва лабораторияҳо дар шаҳру деҳоти кишвар, ташкили филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва донишгоҳҳои байналмилалию ватанӣ, равона шудани ҳазорҳо ҷавонони тоҷик барои таҳсил ба хориҷи кишвар тавассути стипендияҳои давлатӣ, аз ҷумла стипендияи «Дурахшандагон», роҳандозии озмунҳои миллии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» барои кашфи ҷавонони боистеъдод, навсозии барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ кардани низоми кредитии таҳсил ва ташкили Маркази миллии тестӣ (ММТ) барои таъмини шаффофият, ҷорӣ кардани китобҳои электронӣ, синфхонаҳои интеллектуалӣ ва таълими онлайн дар соҳаи маориф, таваҷҷуҳи махсус ба фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», инчунин талаботи ҷиддӣ барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, дар баробари забони модарии тоҷикӣ.
Ваҳдати миллӣ дар соҳаи рушди фарҳанг низ нақши калидӣ гузошта, барои эҳёи таъриху тамаддуни миллати тоҷик саҳмгузор гардид, аз ҷумла эҳёи суннатҳои бостонӣ аз қабили мақоми байналмилалӣ ва миллӣ пайдо кардани идҳои қадимии Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ҳифзи мероси таърихӣ, ба рӯйхати Мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон (Саразм, Қалъаи Ҳулбук, шабакаҳои Роҳи абрешим ва ғайра), санъати «Шашмақом» ва «Фалак», бунёди кохҳои фарҳанг, сохтмони Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, театрҳои муосир ва кохҳои фарҳанг дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, худшиносии миллӣ, чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ғайра.
Маориф ва фарҳанг дар замони ваҳдат собит намуданд, ки Тоҷикистон на танҳо як давлати рӯ ба рушди иқтисодӣ, балки соҳиби тамаддуни бузург ва насли босавод аст, ки ояндаи кишварро месозад.
Рушди варзиш дар замони Ваҳдат. Соҳаи варзиш ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфта, ҳамчун пайки сулҳу субот ва муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Дар замони истиқлол ва Ваҳдати миллӣ соҳаи варзиш ва эҳё кардани намудҳои варзиши миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ рушду равнақ ёфт, ки миллати моро ҳамчун меросбари ҷанговарон ва варзишгарони пешин, ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Рустам ва Суҳроб, Спитамен, Темурмалик, Саймумин Раҳимов, Расул Боқиев, Дилшод Назаров, Мавзуна Ҷориева ва дигарон муаррифӣ намуд.
Инчунин, бо ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Ваҳдати миллӣ як қатор шоҳкориҳо пиёда карда шуд, ба монанди таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, сохтмони ҳазорҳо варзишгоҳ, маҷмааҳои бузурги варзишӣ ва майдончаҳои варзишии кӯдакона дар тамоми шаҳру деҳоти кишвар, роҳандозии маросимҳои мунтазами «Дави миллии варзишӣ» ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки ба солимгардонии ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим нигаронида шудаанд, байналмилалӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо иштироки паҳлавонони даҳҳо кишвари хориҷӣ.
Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии тоҷикон аст, ки кишварро аз парокандагӣ наҷот дода, заминаи устувори оромию суботи сиёсиро дар ҷомеа барқарор намуд. Ин иттиҳоди муқаддас боис шуд, ки инфрасохтори стратегии мамлакат рушд карда, соҳаҳои давлат, сиёсат, маориф, фарҳанг ва варзиш ба комёбиҳои беназири сатҳи ҷаҳонӣ ноил гарданд. Дар ниҳоят, ваҳдат ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷавононро боло бурда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу сулҳхоҳ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кард.
Бобобекзода Меҳроҷиддин, Кабирзода Дорошоҳ, мушовирони академии факултети забон ва адабиёти рус.