Дар таърихи 29 январи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси «Маҷмааи Истиқлол», ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст. Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субод ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлати ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, барои таҳкими давлатдорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам оварда шуд. Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон давраи бисёр душвор буд. Бо вуҷуди мушкилот сиёсиву иқтисодӣ, давлат тавонист фаъолияти сохторҳои муҳими идоракуниро ҳифз намояд.
Тоҷикистон давоми 35 соли Истиқлолият дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастҷамъонаро дар минтақа бе ҳузури фаъолияти Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносанд ва пешниҳодҳои беназирашро бо хушнудӣ қабул менамоянд.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯз ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолия барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари ободу озоди мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву чор сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории милли худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Воқеан ҳам Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвараш баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андешад. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобитаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб ба тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталифи кишвар корҳои арзандае ба сомон расонда шуд.
Душвортарин муамои мо дар зарфи сиюпанҷ сол ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза ба он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикию коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсиониро дида, дараҷаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳою пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаи нек ба даст оварда шуданд.
Мо бояд аз ин миллат ва аз ин Пешвои хирадманд ифтихор намоем. Барои пешрафту рушди кишварамон талош намоем. Бигзор истиқлолияти миллӣ чун қуллаҳои кӯҳҳои сарбаланди кишвар устувору поянда бошад!
Мавзуна НОДИРОВА, номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик