ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз, 21 – уми апрели соли 2026, даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” оғоз шуд. Дар ҳамоиши ифтитоҳии озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои филологӣя, дотсент Абдурраҳимзода Бахтиёр Абдураҳим, аз иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Зимни суханронӣ муовини ректор эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”- ро ибтикори судманд номида, дар хусуси аҳамияти донишандӯзӣ ва омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба ҷавонон ибрози назар кард.Дар идома сардори раёсати илм ва инноватсия Шамсиддин Ҳайбулоев баромад намуда, ҳозиринро бо шартҳои озмун шинос намуд. Ҳамчунин, ҳайати ҳакамонро муаррифӣ кард.

Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни донишҷӯёни факултетҳо ва хонандагони Гимназияи назди Донишгоҳ баргузор карда мешавад.

Пас аз баргузории озмун ва пешниҳоди хулосаи ниҳоии ҳакамон ғолибон муайян гардида, ба даври навбатии озмун роҳхат мегиранд.

РS: Аз натиҷаи озмун хабари муфассал пешниҳод мешавад.