Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷи Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода вохӯрии муовини раиси суди шаҳри Душанбе Шаҳриёр Мустафозода, судияҳои суди шаҳри Душанбе Гулнисо Ҳамидзода, Ховар Назарзода, ҳамчунин муовини суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Хуршед Исозода ва судиҳяҳои суди ноҳияи Сино бо кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вобаста ба омӯзишу фаҳмондадиҳии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қонунгузории оила ва пешгирии вайроншавии оилаҳо, ҷиноятҳо вобаста ба терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷониби меҳмонон маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда шуд.
Дар рафти мулқоти судманд, муовини раиси суди шаҳри Душанбе Шаҳриёр Мустафозода ва муовини ректор оид ба тарбия Шарифзода Лайлӣ ҷавононро ба хештаниносиву ватандӯстӣ, омӯзиши донишҳои муосир, зиракии сиёсӣ, ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ ва ҳимояи марзу бум ҳидоят намуданд.
Дар охир байни меҳмонон ва омӯзгорону донишҷӯён суҳбати озод ва суолу ҷавоб сурат гирифт.


