ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР БОҒИ КУРУШИ КАБИР ДАР ДОИРАИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Донишгоҳ вобаста ба таҷлили Рӯзи пойтахт, бо ширкати донишҷӯёни факултети филология ва рӯзноманигорӣ чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода, намояндагони раёсат, омӯзгорон, донишҷӯён ва сокинони пойтахт доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси нақша – чорабиниҳои донишгоҳӣ ин гуна чорабиниҳои фароғатӣ дар боғу гулгаштҳои пойтахт мунтазам ба роҳ монда мешаванд.

Дар чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултети филология ва рӯзноманигорӣ барномаи хуби идонаро пешниҳод намуданд, ки саршор аз таронаҳои саҳнаи театркунонидашудаи адабӣ, рақсҳои зебову дилчасп буд.