МУЛОҚОТИ МУФИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 7 апрели соли равон дар асососи Нақшаи намунавии баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” бо ширкати намояндагони маркази саломатии №14 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мулоқоти судманд, таҳти унвони “Мактаби модарони оянда” бо донишҷӯдухтарони муассиса, баргузор карда шуд.

Зимни вохӯрӣ мутахассисони маркази саломатӣ аз ҷумла: табиби амрози даруна Халилов Сайфидин, мутахассиси тарзи ҳаёти солим Робияи Низомӣ, мутасаддӣ оид ба нашъамандӣ Манижа Бобоева, ва табиби занона Гулшан Исломова бо омӯзгорзанону донишҷӯдухтарон суҳбат доир намуда, вобаста ба тарзи ҳаётии солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҳифзи саломатии инсон, риояи гиигенаи шахсӣ ва ғайра мулоқот намуданд.

Ҳамчунин зимни баргузории суҳбати муфид муовини ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифзода Лайлӣ Абдулло, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ Муродова Наргис ва мудири бунгоҳи тиббии Донишгоҳ Нигина Салимова вобаста ба дастгирӣ ва эътимоди давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба занону бонувон, саҳми бонувон дар пешрафти кишвар, таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби занону бонувон ва ҳифзи саломатии онҳо ибрози назар намуданд.