Маҷаллаи “Машъалафрӯз”
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз соли таҳсили 2019-2020 маҷаллаи тарҷумонии «Машъалафрӯз»-ро барои тарҷумонони ҷавон таъсис дод, ки фаслнома буда, соле 4 маротиба ба нашр мерасад.
Маҷалла бо сифати баланд ба табъ расида, 128 саҳифаро ташкил медиҳад ва фарогири рубрикаҳои ҷолиби “Сухани сабз”, “Омӯзиш ва пажӯҳиш”, “Табъи воло”, “Ҳикоябандӣ”, “Мактаби тарҷума”, “Афсонапардозӣ” ва “Дунёи рангин” мебошад.
Ҳайати эҷодии маҷалла кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки анъанаҳои неки мактаби устодони гузаштаро дар самти таҳқиқи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва тарҷумашиносӣ идома ва густариш диҳад. Бешак, дар баррасии проблемаҳои бунёдии тарҷума ва тарҷумашиносӣ, таҳкими робитаи тарҷумаву тарҷумашиносӣ бо забоншиносӣ нақши маҷаллаҳои соҳавӣ беандоза бузург аст.
Таъсиси маҷаллаи «Машъалафрӯз» ва тавассути он дастраси олимону мутахассисон гардидани иттилооти тозаи илмӣ оид ба забоншиносӣ, тарҷума ва тарҷумашиносӣ, ҳамзамон, интишори намунаҳои беҳтарини осори тарҷумавиро метавон ҳамчун рӯйдоди муҳим дар фазои илмиву фарҳангии кишвар арзёбӣ намуд.
Маҷаллаи «Машъалафрӯз» дар рушди илмҳои забоншиносӣ ва тарҷумашиносии тоҷик, ташаккул ва рушди ҳар чи бештари мактаби миллии тарҷумонӣ, тавассути тарҷума ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани арзишмандтарин осори бадеии адибони классику муосири тоҷик, ҳамзамон, дастраси хонандагони тоҷик гардонидани осори баргузидаи адабиёти ҷаҳон саҳми назаррас мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксарияти суҳбату вохӯрӣ ва мулоқотҳои хеш ба масъалаи забономӯзӣ ва тарҷума диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷумла, дар яке аз мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар таъкид карданд, ки «… тарҷумаи бадеӣ омили муҳими таҳкими робитаҳои адабист. Бояд беҳтарин осори адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума шаванд ва асарҳои беҳтарини адабиёти мо ба забонҳои дигар низ баргардонида шаванд». Вобаста ба ин, яке аз мақсадҳои наҷиби ҳайати эҷодии маҷалла арҷгузорӣ ба меҳнати пурмашаққати тарҷумонӣ ва муҳаққиқони тарҷумашинос ба шумор меравад, зеро имрӯз ниёз ба тарҷума дар тамоми соҳаҳои ҳаёту фаъолияти инсон ва ҷомеа – сиёсат, иқтисодиёт, илму маориф ва робитаҳои байнифарҳангӣ бештар гардидааст. Маҳз бо шарофати маҳсули меҳнати пурмашаққати тарҷумонӣ ба наслҳои имрӯза ганҷинаи бебаҳои илму фарҳанг ва дастовардҳои беназири башарият дастрас мегарданд. Тавассути маҷаллаи мазкур мушкилоти омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва чопи адабиёти ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин ҷода бояд роҳу равиши андешидани табдирҳои ҷиддӣ муайян карда шаванд ва ба ин васила насли навраси тоҷик бо тобноктарин чеҳраҳои илму адаби дирӯзу имрӯзи ҷаҳон шинос гардида, ҷолибтарин шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонро бо забони модариашон мутолеа намоянд.
Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Машъалафрӯз» омода аст, ки ҳар пешниҳоди судмандро, ки ба нафъи вусъати пажӯҳишҳо дар самти тарҷумашиносӣ ва тарҷумаи беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон аст, бипазирад ва дар доираи имконоти хеш баҳри амалӣ гардидани онҳо саъй намояд.
Таъсиси маҷаллаи «Машъалафрӯз» аз ҷониби аҳли илму адаби тоҷик ҳамчун рӯйдоди воқеан, муҳим арзёбӣ гардида, майлу рағбати пажӯҳандагонро нисбат ба таҳқиқи самтҳои гуногуни забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ бедор менамояд ва барои рушди таҳқиқоти нав дар соҳаҳои марбутаи илми ватанӣ, инчунин, дастраси хонандагони тоҷик гардонидани беҳтарин намунаҳои осори илмӣ ва адабӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.