Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Журналистика ва сиёсати иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои глобалии амнияти рақамӣ»

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Журналистика ва сиёсати иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои глобалии амнияти рақамӣ» даъват менамояд. Конференсия 14-уми майи соли 2026, соати 14:00 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор мегардад.

Дар кори конференсия олимони соҳаҳои филология, журналистика ва муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши масъалаҳои конференсия майл доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Самтҳои асосии конференсия:

  1. Масоили назариявӣ ва методологии пажуҳиши журналистикаи рақамӣ дар асри бисту як.
  2. Равишҳои муосир дар омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои журналистика барои низоми таҳсилоти рақамӣ.
  3. Нақши журналистика дар ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.
  4. Аҳаммият ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар рушди журналистикаи тоҷик.
  5. Мушкилот ва дурнамои рушди журналистикаи рақамӣ дар низоми таҳсилоти рақамӣ.
  6. Ахлоқ ва масъулияти иҷтимоии журналистика дар ҷаҳони муосир.
  7. Ояндаи журналистика дар ҳамзистии инсон ва технологияҳои зеҳни сунъӣ.
  8. Нақши расонаҳои миллӣ дар ҳифз ва густариши арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ.
  9. Имкониятҳо ва мушкилоти рушду такмили журналистикаи тоҷик дар муҳити рақамӣ.
  10.  Масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  11. Таҳдидҳои глобалии амнияти рақамӣ ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷангҳои иттилоотӣ.

Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад. Забони кори конференсия – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Барои иштирок дар кори конференсия то 1-уми майи соли 2026 шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола қабул карда мешавад.

Нашри маҷмуаи маводди конференсия пеш аз баргузории он дар нақша гирифта шудааст.

Оид ба масъалаҳои конференсия тавассути телефонҳои (+992-372) 232-87-30, 93-445-56-56; 801-08-11-11; 905-05-99-99 ва почтаи электронии doro.suhrobi@mail.ru маълумот гирифта метавонед.

Шахсони масъул: Наврӯззода Д.С., Асрорзода И.А., Сайфиддинова Г.А., Тоҷидинзода П.


ДАРХОСТ

барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи

«Журналистика ва сиёсати иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои глобалии амнияти рақамӣ»

1.Ном, насаб ва номи падар (пурра) 
2.Ҷои кор, вазифа 
3.Дараҷа ва унвони илмӣ 
4.Номи мавзуъ 
5.Шакли иштирок (бевосита/ғоибона) 
7.Суроғаи электронӣ ва рақами телефон 

ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД

  1. Мақола ва ё фишурда (тезис) ба суроғаи электронии doro.suhrobi@mail.ru ирсол карда шавад; 
  2.  Ба мақола/фишурда (тезис) бояд маълумот дар бораи муаллиф бо ишораи ному насаб, ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон оварда шавад.

3. Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word (*. doc) пешниҳод шавад.

4. Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 6 ва на зиёда аз 12 саҳифа бошад.

5. Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона, андозаи ҳуруф 14 ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см бошад.

6. Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда шавад.

7. Дар дохили матн истифода бурдани рақам ва ё аломатгузории автоматӣ манъ мебошад.

8. Варақҳо саҳифабандӣ карда намешаванд.

9. Мақола бояд таҳриршуда ва орӣ аз хатоҳои имлоӣ ва услубӣ бошад.

10. Муаллифон барои мазмуни фишурда (тезис) ва мақола, инчунин, саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, асолати матн масъул мебошанд.