Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои забониву адабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ»

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои забониву адабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» даъват менамояд. Конференсия санаи 30-юми апрели соли 2026, соати 10:00 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор мегардад.

Дар кори конференсия олимони соҳаҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, ховаршиносӣ ва муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши масъалаи конференсия иртибот доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Самтҳои асосии конференсия:

  1. Нақши Пешвои миллат дар омўзиши забонҳои хориҷӣ;
  2. Аҳаммияти омӯзиши забонҳои Шарқ дар соҳаҳои тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ;
  3. Масъалаҳои таҳқиқоти забонӣ ва адабии забонҳои Шарқ дар масири ҷаҳоншавӣ;
  4. Таҳқиқимасоили мубрами филологияи Шарқ;
  5. Равобити мутақобилаи забонӣ ва адабии забонҳои Шарқ;
  6. Нақши донишмандони ватанӣ дар тарҷума ва бозгардони осори ниёгон;
  7. Таълифи фарҳангномаҳои тарҷумавӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик;
  8. Методикаи таълими забонҳои Шарқ дар замони Истиқлол;
  9. Баррасии масъалаҳои филологияи Шарқ дар адабиёти муосири ватанӣ ва хориҷӣ;
  10. Масъалаи омодасозии мутахассисони соҳаи тарҷумонӣ ва омўзгори ояндаи забонҳои Шарқ;
  11. Хизмати ховаршиносони ватанӣ дар густариши филологияи Шарқ;
  12. Нақшу ҷойгоҳи филологияи Шарқ дар шароити бисёрфарҳангӣ;
  13. Равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқ аз даврони касби Истиқлоли давлатӣ.

Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии  фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.

Ҳамагуна харҷи иштирок дар конференсия бар дӯши ширкаткунанда мебошад.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Барои иштирок дар кори конференсия то 1-уми апрели соли 2026 шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола қабул карда мешавад.

Қабл аз баргузории конференсия омода намудани маҷмуаи маводи конференсия ба нақша гирифта шудааст.

Дар  робита  ба  масъалаҳои вобаста ба  кори конференсия  тавассути телефонҳои 935-27-84-28, 934-13-03-09 ва почтаҳои электронии najmiddin83@bk.ru, niyozali75@list.ru  маълумот гирифта метавонед.

Шахсони масъул: Солиҳзода Наҷмиддин Ҳамдам ва Қамбаров Ниёзалӣ Чоршанбиевич


ДАРХОСТ

барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои убрами филологияи Шарқ ва робитаҳои забониву адабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ»

1.Насаб, ном ва номи падар (пурра)
2.Ҷои кор, вазифа
3.Дараҷа ва унвони илмӣ
4.Номи мавзуъ
5.Шакли иштирок (бевосита/ғоибона)
6.Суроғаи электронӣ ва рақами телефон

ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД

  1. Мақола ва ё фишурда (тезис) ба суроғаҳои электронии najmiddin83@bk.ru, niyozali75@list.ru ирсол карда шавад. 
  2. Ба мақола/фишурда (тезис) бояд маълумот дар бораи муаллиф бо ишораи ному насаб, ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ, аннотатсия ва калидвожаҳо бо ду забон оварда шавад.
  3. Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word пешниҳод ва ба шакли *. doc бояд мутобиқат кунад.
  4. Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 10 саҳифа бошад.
  5. Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураи Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона, андозаи ҳуруф 14  ҳуруфчинӣ  шуда бошад.  Фосилаи  сархат  бояд  якхела  ва  баробар  ба 1,25 см бошад.
  6. Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда шавад.
  7. Дар дохили матн истифода бурдани рақам ва ё аломатгузории автоматӣ манъ мебошад.
  8. Мақола бояд таҳриршуда ва аз хатогиҳои имлоӣ ва услубӣ холис бошад;
  9. Муаллифон барои мазмуни фишурда (тезис) ва мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матнӣ (плагиат) масъул мебошанд.
  10. Дар сурати мутобиқат накардани мазмуну муҳтаво ва мавзуи мақола ба кори конференсия, он бе огоҳии муаллифон дар маҷмуа ҷой дода намешавад.