ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ДАР ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Имрӯз, 2-юми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Моҳияти зеҳни сунъӣ ва технологияи рақамӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ: мушкилот ва дурнамо” бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, номзади илмҳои техникӣ, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ” Талъат Нӯъмонов, доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи туризм ва тарҷумаи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Намангон ба номи Исҳоқҷон Ибрати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Палина Ботирова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Намангони Ҷумҳур Ӯзбекистон Зебо Ботирова, магистранти ихтисоси барномаи омӯзиши забони уйғурӣ ва чинии Донишгоҳи омӯзгории Синдзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Ванг Ша Ша, мутахассиси тарҷумони забонҳои хориҷӣ Бахтигул Айматӣ ва мӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ доир гардид.
Дар оғози конференсия ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди зеҳни сунъӣ ва технологияи рақамӣ, бомаром афзудани самаранокии раванди технологияи навин дар кишвар сухан карда, баргузории конференсияи илмӣ – амалии байналмилалиро дар мавзуи муҳиммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ тариқи технологияҳои навин саривақтӣ арёбӣ намуд.
Дар идома, номзади илмҳои техникӣ, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ” Талъат Нӯъмонов дар мавзуи “Нейролингвистика ва моделҳои калони забон: чӣ гуна зеҳни сунъӣ забонро мефаҳмад ва эҷод мекунад”, доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи туризм ва тарҷумаи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Намангон ба номи Исҳоқҷон Ибрати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Палина Ботирова дар мавзуи “Интегратсияи равиши байнифарҳангӣ тавассути зеҳни сунъӣ дар таълими забони касбии англисӣ ба донишҷӯёни логистикӣ” маъруза намуданд.
Дар рафти ҳамоиш ҳамчунин маърузаҳои профессори Донишгоҳи давлатии Намангони Ҷумҳур Ӯзбекистон Зебо Ботирова зери унвони “Сохтани педагоги ҷаҳонӣ: баррасии зеҳни бофарҳанг, шаҳрванди рақамӣ ва масъулияти ахлоқии омӯзгорон дар асри ХХ1”, магистранти ихтисоси барномаи омӯзиши забони уйғурӣ ва чинии Донишгоҳи омӯзгории Синдзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Ванг Ша Ша дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва нақши он дар замони муосир” ва мутахассиси тарҷумони забонҳои хориҷӣ Бахтигул Айматӣ таҳти унвони “Зарурияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотӣ дар замони муосир” шунида шуд.
Дар қисмати музокираи конференсия мудири кафедраи омӯзгории забонҳои Шарқи Донишгоҳ дотсент Нуриддин Султонҳайдаров баромад карда, доир ба рушди зеҳни сунъӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо барномаҳои муосир ва технологияи асри нав андешаронӣ намуд.
Дар анҷоми конференсияи байналмилалӣ ректори Донишгоҳ баромадкунандагонро бо исертификат қадрдонӣ намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *