Имрӯз, 25 – уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоише ба хотири шарҳу тавзеҳи паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҳабибзода Зоҳир Иззат, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ва омӯзгорону донишҷӯён доир карда шуд.
Дар ибтидои ҳамоиш профессор Жило Гулназарзода меҳмононро ба боргоҳи илму маориф хайрамақдам гуфта, дар суҳбати худ роҳбари муассиса зери таваҷҷуҳи доимии Президенти кишвар қарор доштани соҳаи маориф, тарбияи дуруст ва дониши мукаммал гирифтани насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани ҷавонон, ҳамчунин арҷ гузоштан ба фарҳангу забони миллӣ, сарфаю сариштакориро ёдовар шуда, ин қисматҳои паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дод.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҳабибзода Зоҳир Иззат, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати пойдории сулҳу субот дар кишвар, рушд ёфтани тамоми соҳаҳо дар мамлакат, сол то сол коҳиш ёфтани камбизоатӣ, зинда гардонидани номи даҳҳо шахсиятҳои фарзона, эҳё намудани маконҳои таърихӣ, дар олам муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор муҳиму мондагор арзёбӣ намуданд.
Дар қисми интиҳои ҳамоиш декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ дотсент Муҳаббатшо Қобилов ба музокира баромада, дар ин баробар нуктаҳои паёми Пешвои миллатро ҷиҳати бедории миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва пос доштани фарҳанги аждодӣ шарҳ доданд.

ш.Душанбе, куч.Муҳаммадиева, 17/6
(+992) 37-232-5000
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru