КОНФРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОРАИ САЛОҲИЯТҲОИ РАҚАМИИ ОМӮЗГОРОН

14 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ташаккули салоҳиятҳои касбии омӯзгорони оянда дар раванди рақамикунонии низоми таҳсилот бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши муҳим ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода, доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, дотсенти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Ӯзбекистон Наргиза Носирова, мудири маркази захираҳои забони англисии Шурои амрикоӣ дар Тоҷикистон Ҷун Нам, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии Остона Айсулу Шаяхметова ва як зумра олимону мутахассисони ватаниву хориҷӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ профессор Жило Гулназарзода сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сутуда, рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгоронро яке аз омили калидии пешрафти соҳаи маориф номид. Ӯ таъкид кард, ки муаллимони оянда бояд ҳамзамон бо дониш ва ихтисос, бо технологияҳои рақамӣ низ ҳамқадам бошанд.
Сипас, академик Ирина Каримова дар мавзуи «Цифровизация системы образования: формирование компетенций будущих учителей» ва дотсент Наргиза Носирова дар мавзуи «Роль искусственного интеллекта в обучении русского языка» баромад намуда, таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва нақши зеҳни сунъиро дар таълиму омӯзиш мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баъдан, доктори илмҳои филологӣ Ҷун Нам дар мавзуи «Салоҳиятҳои касбии омӯзгор дар раванди рақамикунонии низоми таҳсилоти олӣ» ва профессори донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот бо маърузаи «Нақши педагогикаи рақамӣ дар рушди қобилиятҳои зеҳнӣ» андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар бахши маҷозӣ дотсенти Донишгоҳи байналмилалии Остона Айсулу Шаяхметова («Компетентностный подход – основа организации самостоятельной работы студентов») ва намояндаи Донишгоҳи технологӣ-агрономии Перм ба номи Д.Н.Прянишниковаи Русия Фотина Оксана Владимировна низ бо суханрониҳои худ ба муҳтавои ҳамоиш ранги байналмилалӣ бахшиданд.
Дар фарҷом, миёни иштирокдорон муҳокимаи фаъол сурат гирифт. Омӯзгорон ва коршиносон пешниҳодҳои амалӣ ироа намуда, зарурати ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ бо талаботи рақамикунонии ҷаҳони муосирро таъкид карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *