МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ” ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода қисми дуюми рӯзи 4 – уми октябри соли 2025 маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” дар соли 2025 бо ширкати Ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ва намояндагони корпусҳои дипломатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар озмуни мазкур аз 26 муассисаи таълимии олии кишвар 130 нафар донишҷӯ ширкат карда, аз рӯйи 12 забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, форсӣ, узбекӣ, ҳиндӣ маҳорату дониши забондонии худро санҷиданд.
Тибқи натиҷаҳои муайянгардида ва хулосаи ҳакамони соҳибтаҷриба ва соҳибзабонон, ки аз сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон даъват шуда буданд, аз рӯйи 12 равия ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ муайян гардиданд.
Ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар маросими ҷоизасупории шукӯҳманд, аъзои ҳакамон, намояндагони муассисаҳои олии касбиро бо сипосномаи Донишгоҳ ва ғолибонро бо ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *