БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ” ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳ 4 – уми октябри соли 2025 маросими ифтитоҳии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар он ректор, профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сахидод Раҳматуллозода ва намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Ректори муассиса Жило Гулназарзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, аз сиёсати хирадмандона, иқдомоти бузургу мондагор ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм, муаррифии забони тоҷикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ибрози назар кард.
Зикр шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба забони модарӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода роҳандозӣ гардида, мақсади асосии он дарёфти чеҳраи нави суханвару забондон ва мутахассисисони ҳирфаӣ аз ҳисоби ҷавонон мебошад.
Дар идома, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода аз ташаббусҳои раёсати Донишгоҳ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ изҳори сипос карда, аз тадбирҳои судманду дастурҳои муҳимми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши забони тоҷикӣ, фароҳам гардидани имкониятҳои мусоид барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бо ин восита муаррифи кардани кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд.
Мавриди зикр аст, ки озмун аз рӯйи 12 равия: забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва ҳиндӣ бо ширкати беш аз 130 нафар донишҷӯён аз 26 муассисаи олии кишвар ташкил ва баргузор карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *