Санаи 5 – уми сентябр бахшида ба 34 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши илмӣ бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими давлатӣ, дипломати тоҷик, номзади илмҳои кишоварзӣ Қозидавлат Қоимдодов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Солизода Наима Шодибой, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодур ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ибтидо роҳбари Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода меҳмонони олиқадр ва устодону донишҷӯёнро ба ҷашни бузурги миллӣ 34 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ шод бош гуфта, таъкид доштанд, ки ҷавонон бояд бо дасту дили пок пайи ободию озодии Меҳан бошанд то ин давстовард пойдору устувор боқӣ монад.
Ходими давлатӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ Қозидавлат Қоимдодов бо ёдоварӣ кардан аз рӯзҳои сахту сангини миллат ва бо кадом душвориҳо ба ин рӯзҳои нек расиданро як – як ёдоварӣ намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилуфар Имомзода ва Наима Солизода аз дастоварду имкониятҳои ҷавонон, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бобати фаъолият кардани як қатор ҷавонон дар Маҷлиси Олии мамлакат сухан гуфтанд.
Дар фарҷом шоири ҷавону боистеъдод Бузургмеҳри Баҳодур бо қироати ғазалҳои ватандӯстона хотири баҳамомадагонро шоду масрур намуд.
Аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол бо сипоснома ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.