САЙРИ ХОТИРОМОНИ ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ДОНИШГОҲ

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, рӯзҳои 9 – 11 майи соли 2025 ғолибони мусобиқаи футболи хурдро, ки ҳамасола дар Донишгоҳ роҳандозӣ мегардад, ба мавзеҳои таърихии Саразми бостонӣ ва шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарбар намуд.
Бояд гуфт, ки ин ташаббуси ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода яъне, сафарбар намудани омӯзгорони Донишгоҳ ба мавзеъҳои таърихии дохилу хориҷи кишвар ба ҳукми анъанаи даромадааст.
Солҳои қаблӣ танҳо бонувоне, ки дар мусобиқаи футболи хурд ғолиб мешуданд, сафарбар мегардиданд. Ин дафъа бошад, ғолибони мусобиқаи футболи хурде, ки миёни мардҳо дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида буд ҳамроҳ гардид.
Омӯзгорони Донишгоҳ зимни сафар аз маконҳои таърихии мақбараи Сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллои Рӯдакӣ, мавзеи таърихии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент, осорхонаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, майдони Регистон, мадрасаи Бибихонум, оромгоҳи Шоҳи зинда, осорхонаву намоишгоҳҳои шаҳри бостонии Самарқанд дидан карданд.
Мақсад аз роҳандозии ин гуна саёҳатҳо, дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани омӯзгорон ва бештар огоҳ шудани онҳо аз мавзеъҳои таърихӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *