ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ВАТАН

Мақсади аслӣ ва ниҳоии давлат – таъмини осудагӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, рушди ҷавонон ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин солҳои охир таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат хусусан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон афзуда истодааст. Бо роҳандозии барнома ва стратегияҳои махсуси ҳукумати кишвар дар мавриди ҷавонон, сафи онҳоро дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ афзун намуда, иштироки онҳоро дар равандҳои сиёсӣ пайваста таъмин намуда истодааст.
Бе сабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Он гунае, ки дар сиёсату давлатдорӣ ҳеҷ тасмиме бе ҳикмат намешавад, ба тасвиб расидани ин қарор низ дар худ ҳикматҳои зиёдеро дошт ва муҳимтарини он таваҷҷӯҳ ё боварии бештар ба ҷавонон доштани Ҳукумати кишварро ифода мекунад. Аз ҷониби дигар, қабул шудани ин қарори муҳим тамоми ҷавонони кишварро вазифадор менамояд, ки пайваста барои ободиву пешрафт ва рушду инкишофи Ватан кӯшиш карда, дар рушди он саҳм гузоранд. Ин худ гувоҳи он аст, ки дар сиёсати давлатдории мо ба ҷавонон ҳамчун қишри асосиву ояндасоз бартари дода мешавад. Татбиқи босамарӣ сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзи нахусти соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошад. Дар ҷомеи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри дорои афкори тозаву нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи техникаи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати хос медиҳад. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушди нумуи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии милӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушду минбаъдаи иҷтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. “Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд” таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамасола дар кишвар 23 юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ки он на танҳо шодиву хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан, кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлолӣ мо, ки дар раванди татбиқӣ ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллат худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои Президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зиннаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзиши муҷаҳҳаз бо талаботҳои замони муосир ва билохира эълон гардидани соли ҷавонон, ки бо дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмин шароити зиндагии аразандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандаву бунӯдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову тақдирҳои замони муосир мусоидат менамояд. Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳисси арзишманд мегузоранд ва ба Модар Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Ин нуқтаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳанги хеш бирасем.
Ҷавононро ҳамчун ояндасоз они давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеъа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд. Ҷавонони кишвар низ худро давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти таърихӣ ва қарзи фарзандии худро сарбаландона адо менамояд ва барои рушду нумуи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳори судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозад.
Фаризаи Файзизода, омӯзгори кафедраи психологияи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *