МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ШИРКАТИ НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА КДАМ

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони муассиса 14 апрели соли 2025 бо ширкатаи сардори Раёати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Бобохонзода ва намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе Далер Қурбонзода ва кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар оғоз муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода баромад карда, вобаста ба арзишҳои миллӣ, сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳандозии имконоту шароитҳои муфид барои ҷавонон дар муассисаҳои олӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар сухан намуда, ҷавононро ба меҳандӯстиву ватанпарастӣ даъват кард.
  • Дар идома намояндаи КДАМ дар шаҳри Душанбе Қурбонзода Далер сухан карда, зимни баромади хеш оид ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сулҳу амнияти пойдор, ташаббусу ибтикороти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард. Ҷавононро даъват ба амал овард, ки ба миллату давлати хеш содиқ бошанд, илм омӯзанд ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дур бошанд.
  • Ҳамзамон Раҷабалӣ Бобохонзода – сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе зимни ироаи сухан ба ҷавонон изҳор дошт, ки шукронаи ин сарзамин намоянд, дар пайравии сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор бошанд. Дар муассисаҳои олӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, соҳибтахассус гардида, ба миллату давлат содиқона хизмат намоянд.
Дар поёни мулқот, пас аз музокираҳои судманд аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба донишҷӯёни фаъоле, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси волонтёр ва тарҷумон иштирок намудаанд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *