(Бахшида ба Моҳвораи ҷавонон)
Дар асоси нақша – чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Моҳвораи ҷавонон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт идома дорад.
Санаи 28 – уми апрели соли 2025 чорабинии фарҳангии омодакардаи донишҷӯён ва омӯзгорони факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар Боғи устод Рӯдакӣ баргузор гардид, ки иборат аз рақсу суруд ва таронаҳои ватандӯстона буд.
Бояд ёдовар шуд, ки “Ҷовидон бод ҷавонию ҷавонон” силсилачорабинӣ буда, то ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Тасмими гирифтаи раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар партави сиёсати хирадмандона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, давоми се соли охир бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Ташкил ва баргузор намудани ингуна чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бо мақсади таъмини истироҳату фароғати меҳмонон ва сокинони пойтахти азизамон аст.