БАРРАСИИ ЯК ҚАТОР МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР РӮЗИ ЧАҲОРУМИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БАХШҲО

Дар рӯзи чаҳоруми конференсия дар бахшҳо омӯзгорони кафедраҳои информатика ва фанҳои табиӣ-риёзии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуъҳои муҳим аз ҷумла “Нақши иқтисодиёти рақамӣ дар партави Паёми Пешвои миллат”, “Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои обу иқлим дар сайёра”, “Иқтисодиёти сабз” ва саҳми он дар ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҷанбаҳои экологии оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон”, “Моҳияти зеҳни сунъӣ (ИИ) дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, “Афзалиятҳои зеҳни сунъӣ” ва “Таъсири технологияи рақамӣ” баромад намуданд.
Конференсияи мазкур аз ду қисм иборат буд: баромади омӯзгорон ва донишҷӯён.
Бояд гуфт,ки дар ҳар ду қисм омӯзгорон ва донишҷӯён аз технологияи муосир, махсусан рӯнамоиҳои ҳадафманд истифода намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *