Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ дар шаҳри Душанбе ҳамсола озмунро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ менамояд ва ғолибони ин озмун дар арафаи Рӯзи пойтахт қадршиносӣ мегарданд.
Ғолибони озмуни навбатии гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе санаи 19 уми апрели соли 2025 дар Кохи Суруш қадрдонӣ гардиданд.
Боиси сарафрозӣ аст, ки донишҷӯи курси чоруми факултети Забонҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Фараҳноз Минназарова ғолиби озмун ва сазовори стипендияи раиси шаҳр гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин маросим як қатор озмунҳои дигари шаҳрӣ аз ҷумла китобдор ва китобхонаи беҳтарин, маркази саломатӣ ва гулгашти беҳтарин низ ҷамъбаст гардида, ғолибони онҳо низ бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотирвии Раиси шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
Боиси сарфарозӣ аст, ки дар ин маросим китобхонаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз китобхонаҳои беҳтарини муассисаҳои олии кишвар дониста шуд.