НАҚШИ СОТИМ УЛУҒЗОДА ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

(бахшида ба 115 – солагии Сотим Улуғзода)

Чӣ тавре ки маълум аст, халқи тоҷик бо таъриху тамаддуни оламшумули худ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Дар рушду нумуи таъриху тамаддуни мо тоҷикон саҳми шоирону нависандагон барҷаста ва назаррас мебошад. Ҳар яке аз онҳо дар даврони муайяни таърихӣ асарҳои беназири худро офарида, бо сухани созанда қасри муҳташами адабиёту фарҳангро бунёд намудаанд, ки маҳз, ҳамин корномаи онҳо асолату ҳувияти миллии тоҷиконро боз ҳам равшантар гардонидааст.

Дар рушди адабиёт, худшиносии миллӣ ва эҳёи хотираи таърихии тоҷикон саҳми нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода низ беназир аст. Ӯ тавассути асарҳои таърихӣ ва бадеии худ симои шахсиятҳои бузурги миллатро ҷовидонӣ гардонида, саҳифаҳои муҳимми таърихи пурифтихор ва ҳамзамон пурфоҷиаи халқи тоҷикро бозтоб намудааст. Аз ин рӯ, осори ӯ дар шинохти таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон аҳаммияти хосса дорад.

Ин аст, ки дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” – и Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳар як чеҳраи таърихӣ ва фарҳангӣ бо сарлавҳаи махсус муаррифӣ гардидааст. Ин сарлавҳаҳо на танҳо мазмуну моҳияти фаъолияти шахсиятҳоро инъикос мекунанд, балки муносибат ва нақши онҳоро дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик бозгӯ менамоянд. Аз ҷумла, Сотим Улуғзода бо сарлавҳаи “Мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ” ҷой дода шудааст, ки ин унвон моҳияти асосии фаъолияти адабии ӯро ифода мекунад.

Саҳми бузурги Сотим Улуғзода дар рушду такомули адабиёти тоҷик ва, махсусан, дар таҳаввули насри таърихӣ, аҳаммияти хосса дорад. Чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, ӯ аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки тавассути осори бадеии худ ба масъалаҳои таърих, сарнавишти миллат, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст. Маҳз, ҳамин хусусияти эҷодиёти ӯ боис гардидааст, ки Сотим Улуғзода дар адабиёти тоҷик ҳамчун яке аз пайвандгарони таърих ва адабиёт шинохта шавад. Таҳқиқоти адабиётшиносӣ низ таъкид мекунанд, ки осори таърихии ӯ дар ташаккули ҳофизаи таърихӣ ва худшиносии миллии тоҷикон нақши назаррас дорад.

Аз ин рӯ, ҷой додани Сотим Улуғзода дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” бо унвони “Сотим Улуғзода — мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ” аз аҳаммияти вижа бархӯрдор аст. Ин унвон моҳияти яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои эҷодиёти нависандаро ифода мекунад, зеро Улуғзода таърихи миллат, рӯзгори пурмашаққат, муборизаҳои иҷтимоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони халқро тавассути тасвири бадеӣ ба наслҳои баъдӣ расонидааст. Дар осори ӯ таърих танҳо маҷмуи воқеаҳои гузашта нест, балки воситаи дарки сарнавишти миллӣ ва шинохти ҷойгоҳи инсон дар раванди таърих мебошад.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми эҷодиёти Сотим Улуғзода рӯ овардани пайвастаи ӯ ба таърихи халқи тоҷик мебошад. Нависанда барои офаридани асарҳои таърихӣ аз рӯйдодҳо, давраҳо ва шахсиятҳои муҳимми таърихи миллӣ истифода намуда, онҳоро ба доираи тафаккури бадеӣ ворид кардааст. Аз ин ҷиҳат, замон ва муҳити таърихӣ дар осори ӯ на танҳо заминаи воқеаҳо, балки яке аз омилҳои асосии ташаккули характер ва ҷаҳонбинии қаҳрамонон ба шумор меравад. Дар адабиётшиносӣ низ таъкид мешавад, ки рӯ овардани Улуғзода ба таърих ва омӯзиши сарнавишти миллат яке аз самтҳои асосии фаъолияти эҷодии ӯ буда, то охири умраш идома кардааст.

Ҷанбаи дигари муҳимми худшиносии миллӣ дар эҷодиёти Улуғзода дар офаридани образҳои шахсиятҳои таърихӣ зоҳир мегардад. Нависанда бо маҳорати баланди эҷодӣ симои шахсиятҳои барҷастаи таърихию фарҳангии миллатро дар адабиёт зинда кардааст. Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, Темурмалик, Восеъ ва дигар чеҳраҳои таърихӣ дар осори ӯ на танҳо ҳамчун шахсиятҳои гузашта, балки ҳамчун намояндагони арзишҳои миллӣ ва маънавӣ таҷассум ёфтаанд. Осори таърихию тарҷумаиҳолии Улуғзода дар муаррифии чунин шахсиятҳо нақши муҳим дошта, доираи тасаввуроти хонандаро дар бораи таърих ва фарҳанги миллӣ васеъ менамояд.

Дар ин росто, “Восеъ” танҳо як асари бадеӣ дар бораи воқеаҳои таърихӣ нест. Он таҷассуми бадеии як марҳилаи муҳимми сарнавишти халқи тоҷик буда, тавассути он масъалаҳои озодӣ, адолат, шаъну шарафи инсон ва муқовимат ба зулму истибдод матраҳ мешаванд. Аз ин ҷиҳат, образи Восеъ ҳамчун қаҳрамони миллӣ бо мафҳуми худшиносӣ пайванди мустақим пайдо мекунад. Қаҳрамон дар лаҳзаҳои тақдирсоз мавқеи худро дар баробари ҷомеа ва таърих муайян намуда, барои ҳимояи манфиатҳои мардум мубориза мебарад.

Ҳамчунин, саҳми Сотим Улуғзода дар эҳёи хотираи таърихии миллат қобили таъкид аст. Ӯ бо истифода аз имкониятҳои насри бадеӣ ва драматургия симои қаҳрамонони таърихӣ ва воқеаҳои муҳимми гузаштаро ба хонандаи замони худ наздик кардааст. Осори таърихии ӯ имконият фароҳам меоранд, ки хонанда ба гузашта на танҳо ҳамчун маҷмӯи воқеаҳо, балки ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ назар кунад. Аз ин рӯ, осори Улуғзода дар баробари арзиши эстетикӣ, аҳамияти маънавӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ низ доранд. Таҳқиқоти муосир низ таъкид мекунанд, ки асарҳои таърихии ӯ ба ташаккули ҳофизаи таърихӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат намудаанд.

Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки худшиносии миллӣ дар эҷодиёти Сотим Улуғзода аз се манбаи асосӣ сарчашма мегирад: нахуст, аз рӯ оварданиадиб ба таърихи миллат; дуюм, аз бозсозии бадеии симои шахсиятҳои барҷастаи таърихию фарҳангӣ; ва сеюм, аз тасвири муборизаи мардум барои озодӣ, адолат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ. Ин се ҷанба дар маҷмӯъ низоми муайяни арзиширо ба вуҷуд меоранд, ки хонандаро ба андешаи таърихӣ ва шинохти худ ҳамчун узви як ҷомеаи дорои таъриху фарҳанги муштарак раҳнамун месозад.

Ҳамин тавр, “мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ” номидани Сотим Улуғзода маънои рамзӣ ва илмӣ дорад. Ӯ бо қалами бадеӣ қисматҳои муҳими таърихи миллатро бозофаринӣ намуда, хотираи таърихиро ба шакли бадеӣ ба наслҳои баъдӣ интиқол додааст. Арзиши осори ӯ, маҳз, дар ҳамин пайванди таърих, адабиёт ва худшиносии миллӣ зоҳир мегардад. Аз ин нуқтаи назар, эҷодиёти Сотим Улуғзода ҳамчун яке аз падидаҳои муҳимми насри таърихии тоҷик дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва дарки амиқи гузаштаи миллат аҳамияти хосса дорад.

Интихоби номи Сотим Улуғзода барои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба мероси адабӣ, забон ва фарҳанги тоҷик мебошад. Зеро Донишгоҳ ба омодасозии мутахассисони соҳаи забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, тарҷумонҳо, омӯзгорон ва дигар мутахассисони соҳаи забон машғул аст. Аз ин рӯ, шунидани номи Сотим Улуғзода дар зеҳни мо пеш аз ҳама мафҳумҳои худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих, ҳифзи фарҳанг ва муҳаббат ба Ватанро пеши назар меорад. Мероси адабии ӯ имрӯз низ аҳаммияти худро нигоҳ дошта, барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ хизмат мекунад.

Абдуллоева Гулрухсор, д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва фарҳанги муоширати факултети филология ва рӯзноманигорӣ.