Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар густариши давлатдории миллӣ масири худшиносӣ, сулҳу ваҳдат, ҳифзи забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллиро мустақиман боз намуда, озодиву соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тақдим намуд. 9 сентябр, ки ба таҷлили ҷашни истиқлолият рост меояд, бо гузашти 35 сол барои мардуми мо ба як санаи ифтихорбарангез ва гиромӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳақиқат, чун соҳибихтиёрӣ ва озодии миллати тоҷик марҳилаҳои печида ва мураккаберо тай намудааст, дар ҳар давраи ташаккулу такомул имтиҳоноти сахт, аммо ногузире халқи тоҷикро барои расидан ба худшиносии воқеӣ ҳамроҳӣ кардааст. Яъне, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва гузашту бахшиш миллати моро дар ниҳоят ба марҳилаи эҳтироми давлату миллат ва пос доштани арзишҳои умумимиллӣ раҳнамоӣ мекунад.
Истиқлолияти давлатӣ, яъне масъулиятпазирии ҳар сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бо дарки иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ: эҳтироми қонун, ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан, нигоҳ доштани сулҳу субот, саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа амалӣ мегардид. Вобаста ба ин, аз рушди бемайлони муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки дар фурсати на чандон тулонӣ миллати тоҷик ба дарки воқеии мафҳуми истиқлол ва озодӣ расид, минбаъд низ пояҳои фаҳм ва дарки арзишҳои муқаддаси умуммимиллиро мустаҳкам нигоҳ медорад.
Аз ҷониби дигар, бо огоҳӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ ва дигар аъзоёни ҷомеа, мушоҳида мегардад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафтҳои гуногунҷанбаи ҳаёт кӯшиш ва ҳавасмандӣ нишон медиҳанд. Ин ҷараён низ як марҳилаи дигари ишкишофи ҷомеа ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои мусбат: баланд гардидани масъулияти шаҳрвандон, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро дар пай дорад.
Озодии интихоб дар низоми давлатдории мустақили мо нишод медиҳад, ки кишвари сулҳпарвари Тоҷикистон дар ҷараёни 35 соли истиқлол ба ташкили давлати амнгустар, маорифпарвар ва худшинос тамоюл дорад. Назми сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибатҳои байналмиллалии ҳасана, барномаҳои давлатии созанда ва рушди иқтисодии мунтазам марҳила ба марҳила мавқеи кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ мекунад ва баланд мебардорад. Рушд бахшидани самтҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат огоҳона ва мақсаднок роҳандозӣ гардидааст, ки дар мадди аввал манфиати аҳолӣ дар назар гирифта мешавад – интихоби шуғл, таҳсил, ҳифзи иҷтимоӣ – фарҳанг, забон, сиёсати дарҳои боз аз номгӯйи шароиту имкониятҳоест, ки Истиқлолияти давлатӣ фароҳам оварда, дар идома низ иродаи халқ пайгирӣ ва амалӣ карда мешавад.
Истиқлолият, яъне ваҳдати фарогир. Истиқлолият – фурсате барои ҳувият, хештаншиносӣ, шинохти воқеии таърих, забон ва муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳон аст, ки бо эҳсоси баланди масъулият аз барқарор намудани муносибатҳои дурусти хонаводагӣ ва иҷтимоӣ оғоз мегардад, бо меҳнат ва иродаи қавӣ ҳифз мешавад, бо ноил шудан ба натиҷаҳои мусбат ба ояндагон мерос гузошта мешавад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ояндаи беҳтарест, ки насли баъдии миллати моро дар амалӣ намудани нақша ва ниятҳои созанда кӯмак менамояд, яъне ҳисси ифтихормандии мо аз ин санаи муборак дар пояҳои бисёр мустаҳками ташкилотӣ таркиб ёбад, идомаи ташаббусҳо муназзам ва саҳл мешавад. Аз мушоҳида ва омӯзишҳо аён мегардад, ки давра ба давра иқдоми рушди соҳаҳои мухталиф заминадор ва мақсаднок гузошта мешавад. Ин марҳилаест, ки ҳам шумора ва ҳам сифат дар назар гирифта шудааст. Зеро роҳандозии ин ва ё он ҳадаф як тарафи масъала, аз ҷониби дигар амон мондани он ва дарозмуддат хидмат расониданаш ба мардум дигар паҳлӯи кор аст – аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор меравад, ки дар ҳифзи дастовардҳои умумимиллӣ бетафовут набошанд. Инчунин дар иҷрои масъулиятҳои вазифавӣ касбӣ ва ғамхорона муносибат намоянд.
Ва чун мо дар арафаи таҷлил аз 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ҳар сари қадам дида мешавад, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои иттилоотӣ пайгирӣ мегардад, ки миллати тоҷик дастаҷамъона бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ҷиҳати таҷлил аз ин ид омодагӣ зоҳир мекунанд. Мардуми шарафманди мо ба қадри сулҳу субот, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрӣ расида, ба ин воқеиятҳои бобаҳо бебаҳс такя мекунанд.
Муслима МАНОНОВА, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика ва иттилооти рақамии факултети филология ва рӯзноманигорӣ.