Мафҳуми истиқлол пеш аз ҳама бо соҳибихтиёрии давлат, озодии интихоби роҳи сиёсӣ ва масъулияти миллат дар назди таърих иртибот дорад. Истиқлол танҳо ба маънои мустақилияти сиёсӣ маҳдуд намешавад. Он маҷмуи арзишҳоеро дар бар мегирад, ки ҳастии давлат ва миллатро муайян мекунанд, ҳифзи ҳудуди миллӣ, таъмини амният, рушди иқтисодӣ, ҳифзи фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли созанда.
Мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик аз қадимулайём бо тадбири манзилдорӣ ва расму ойини баланди шаҳрсозиву шаҳрдорӣ машҳури оламиён гардида, бо фарҳанги баланди моддиву маънавии аҷдодони шарафманд намунаи ибрати ҷаҳониён гаштааст. Ин ангезаи муҳимми рушд ва такомули миллати оламгир махсусан, дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон ба маънои томаш зуҳур намуда, имрӯз низ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мисоли кишвари обод ва зиндагии файзбори мардуми кишвар осори ин тамаддуни волоро баръало мушоҳида менамоянд.
Масъалаи ваҳдат ва якпорчагӣ дар андешаи миллати тоҷик ҳанӯз аз даврони дури таърихӣ маншаъ мегирад. Дар давраи нави таърихӣ барои мо- тоҷикон ду ҷанбаи таърих хеле муҳим ва асосӣ мебошад, ки ҷавҳари ҳардуи онро ягонагиву истиқрори сулҳу дӯстӣ ташкил медиҳад.
Истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистон имконият дод, ки сиёсати миллии худро дар соҳаи илму маориф мустақилона муайян намояд. Дар давоми солҳои истиқлол барои рушди низоми маориф, таҳкими заминаҳои илмӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.
Мактаб, донишгоҳ, донишкада, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳқиқотӣ на танҳо ҷойи таълиму тарбия, балки марказҳои ташаккули тафаккури миллӣ ва касбии насли нав мебошанд. Маҳз дар чунин муҳит шахсияти донишманд, соҳибкасб, навовар ва масъулиятшинос ташаккул меёбад.
Дар ин раванд Пешвои миллат донишандӯзии ҷавононро дар мадди аввал гузошта, махсусан омӯзиши фаннҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисиро муҳим мешуморанд. Воқеан, ба ин пешниҳоду таъкидоти Пешвои миллат устодон ва волидайн таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ танҳо ин се самти дониш метавонад фарзандони моро ҳамқадами замон намояду дар ободии ояндаи Ватан онҳо саҳмгузор бошанд. Маҳз дониши баланд метавонад фарзандони кишварро дар олами тамаддун муваффақ ва пешқадам намояд. Ба қавли Пешвои миллат: “Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.
Дар баробари ин Сарвари давлат тарғиби дастовардҳои таърихии халқамонро муҳим мешуморанд ва олимони ҷомеашиносро муваззаф месозанд, ки тадқиқоти онҳо ба тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ равона гардад. Аз ин пешниҳодот рӯшан ба назар мерасад, ки ҳадафи Сарвари давлат чунин аст: дар баробари огоҳ будан аз илми муосир набояд аз ҳувияти миллӣ, эҳсоси ифтихор аз таъриху анъанаҳои миллӣ бебаҳра бошем. Ҳамзамон аз умедвории худ, бахусус аз олимони ҷавон изҳор намуда, мегӯянд, ки муҳаққиқони ҷавон дар ояндаи начандон дур “илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат барои зиндагии шоистаи мардум, инкишофи қонунгузорӣ, ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва соҳаи энергетика ибрози ақида намуданд. Ба мақоми Пешвои миллат лоиқ донистани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми кишвар ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” нишонаи эҳтиром ва қадршиносии хизматҳои арзандаи ин шахсияти бузурги таърихӣ мебошад.
Таърихро метавон ҳамчун ойинаи зиндагии миллатҳо номид. Дар он на танҳо рӯйдодҳои гузашта, балки сабақҳои бузурги давлатдорӣ, илму маърифат, ваҳдат ва худшиносии миллӣ инъикос меёбанд. Ҳар як давраи пуршукуҳи таърихӣ ба инсон меомӯзонад, ки чӣ гуна давлатҳо ба авҷи қудрат мерасанд ва чӣ гуна, дар сурати аз даст додани пояҳои асосии устувории худ, метавонанд рӯ ба заъф ва завол ниҳанд.
Яке аз равшантарин намунаҳои таърихии ин ҳақиқат давраи Сомониён мебошад. Дар ин давра Бухоро ба яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанг табдил ёфт. Дар дарбори Сомониён шоирон, донишмандон ва аҳли фарҳанг гирд меомаданд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки аз бузургтарин чеҳраҳои адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад, дар ҳамин муҳити фарҳангӣ ба камол расид ва осори ӯ ба рушди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ таъсири бузург гузошт. Сарчашмаҳои таърихӣ низ давраи Сомониёнро ҳамчун марҳилаи рушди фарҳанг ва илм ёд мекунанд.
Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чун як ҳамзамони аҳди тиллоии тоҷикон аз давлати Сомониён ифтихор дошт.
Киро бузургони неъмат зи ину он буд,
Маро бузугрии неъмат зи оби Сомон буд.
Мутаасифона , давлати бузурги Сомонён ба иллату ҷанги замонаи худ завол ёфт ва пас аз ҳазор сол 9 сентябр соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва ба давлати мустақим табдил гашт.
Дубора месозамад Ватан,
Агарчӣ бо устухони хеш.
Дубора месозамат Ватан,
Агарчӣ бо хишти ҷони хеш.
Гарчанд фосилаи дароз тӯл кашида бошад ҳам, тоҷикон расму оини худро гум накардаанд. Чи тавре ки Пешвои Миллат гуфтаанд:
“Имрӯз миллати тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст”.
Маҳз туфайли сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо ба марҳилаи рушду нумӯи бесобиқа ва устувор дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат шарафёб гардида, ин таҳаввулоти наҷиб ва назарраси таърихи навтарини кишвари азизамон ҳамчунин беш аз пеш дар симои маданӣ ва замонавӣ касб намудани шаҳру шаҳрдории муосир ба назар мерасад
Бо боварии том метавон зикр намуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бо дарки баланди масъулият дар назди халқу Ватан ҳар як ҳидоятҳои Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти созандаи хеш қарор дода, дар ин самт ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегарданд. Тавре ки Роҳбари давлат таъкид доранд: “Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем”.
Аз ин рӯ дар 35-солагии Истиқлол бояд ба оянда бо як боварии устувор назар кунем, Тоҷикистони донишбунёд, фарҳангпарвар ва муттаҳид метавонад Истиқлоли худро таҳким бахшида, саҳифаҳои нави таърихро бо дастони фарзандони донишманду ватандӯсти худ офарад.
Қамбаров Назаралӣ, дотсенти кафедраи филологияи Шарқи Наздики факултети тарҷумонии забонҳои Шарқ