Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин неъмати таърихӣ ва асоси ҳастии давлату давлатдорӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик низ соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихи давлатдорӣ буда, имконият фароҳам овард, ки халқ роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро муайян намояд.
Дар тӯли 35 соли истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурифтихор, вале дар айни замон пурмасъулияти давлатсозиро паси сар намуд. Дар ин давра, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфта, сулҳу субот барқарор гардид ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гардида, имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва соҳибмақом дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати пайгиронаи давлат, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик мебошанд.
Истиқлоли давлатӣ ҳачун неъмати муқаддас барои халқи тоҷик на танҳо озодиву соҳибихтиёриро ба армуғон овард, балки роҳи бунёди давлати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардумро ҳамвор сохт. Имрӯз, ки Тоҷикистони азиз 35-солагии Истиқлолияти давлатии худро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад, ҳар як шаҳрванди ватандӯст бо ҳисси баланди ифтихор роҳи тайнамудаи Ватанро ба ёд меорад.
Ба даст овардани сулҳу субот яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, сулҳ барои барқарор намудани ҳаёти осоишта, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Маҳз бо шарофати сулҳу оромӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёдкорӣ, пешрафт ва таҳкими давлатдорӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат тағйироти назаррас ба амал омаданд. Сохтмони роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти фарҳангиву варзишӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ симои шаҳру ноҳияҳоро тағйир доданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Садҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг ва ҳазорҳо майдончаҳои варзишӣ бунёд ва навсозӣ шуданд. Барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, соҳибкасб шудан ва рушди қобилиятҳо муҳайё гардида, сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар даврони истиқлол ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиди пойгоҳи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии омӯзгорон аз муҳимтарин дастовардҳои ин соҳа мебошанд.
Қабули “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” ва амалисозии ислоҳоти соҳа барои мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи ҷомеаи муосир заминаи мусоид фароҳам овардааст, ки дар ин замина муносибати босалоҳият ба таълим, такмили барномаҳои таълимӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир аҳамияти махсус пайдо кардааст.
Илм ва инноватсия имрӯз ба омили муҳими рушди давлат табдил ёфта, иштироки ҷавонони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, форумҳои илмӣ ва озмунҳои ихтироъкорӣ мусобиқаҳои варзишӣ нишон медиҳад, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии истеъдодҳои ҷавон натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Дар баробари ин, рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллат низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Бунёди китобхонаҳо, осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, театрҳо ва марказҳои эҷодӣ ба рушди маънавии ҷомеа мусоидат намуда, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро тақвият мебахшад.
Бо ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор шинохта шуд. Қабули қатъномаҳои муҳимми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об аз эътирофи обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дарак медиҳад. Ин ташаббусҳо бори дигар нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии кишвар ба сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ нигаронида шудааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як кишвари ободу пешрафта табдил ёфтааст. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои созандагиву ободонӣ бо суръат идома дошта, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва иншооти муҳимми давлатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Ҳамаи ин пешрафтҳо самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошанд.
Имрӯз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии пешрафти Тоҷикистон шинохта мешаванд. Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар фазои оромию субот давлат метавонад барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро амалӣ намояд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ, таҳкими ваҳдат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Таҳлили дастовардҳои даврони истиқлол нишон медиҳад, ки рушди устувори давлат танҳо дар шароити сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон имконпазир аст. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Бо итминон метавон гуфт, ки дар партави сиёсати созандаи давлат, ваҳдати миллӣ, меҳнати содиқонаи мардум ва неруи созандаи ҷавонон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оянда низ роҳи рушди устуворро идома дода, ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил хоҳад гардид.
Фирӯза Раҷабова – н.и.п., дотсент, мудири кафедраи психологияи факултети муносибатҳои байналмилалӣ.