ТАШАББУСҲОИ НОДИРИ ПЕШВОИ МАЪРИФАТПАРВАРИ МИЛЛАТ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

(Ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

9-уми сентябри соли 2026. Ин санаро ҳар ватандори асил ва тоҷикони худшиносу ватандӯст бесаброна интизор буда, барои таҷлили сазовори он ҳамчун бузургтарин рӯйдоди миллӣ ва ҷашни истиқлолу озодӣ ҳамарӯза омодагӣ мегиранд. Оре, “35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегирем” – ин сатри тиллоӣ солҳост, ки шиори миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик мебошад.

Дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро, ки маҳз бо ташаббусҳои таърихӣ, роҳнамоиҳои ояндасоз, қаҳрамониву далерӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил шудаем, ҳар яке арзишманду нодир ва мондагор ҳастанд.

Ба назари инҷониб, ҳамчун ҷавони ин айёми тиллоӣ – насли саодатманди даврони соҳибистиқлол хидматҳои Пешвои маҳбуби миллат тамоми бахшу соҳаҳои ҳаёти халқу давлатро фаро гирифта, ташаббусҳо дар роҳи хираду бедории миллӣ, худшиносию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, донишманд гардондани насли ояндасози миллат, эҳёи ҳофизаи таърихии миллат ва ба ин васила тарбияи насли худшиносу меҳандӯст, беназиру таърихӣ ва мондагор ҳастанд.

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми майи соли 2026 бо ташаббус ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки мазори фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахси хизматнишондода Нисор Муҳаммад оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида шуд.

Ин иқдоми таърихию муҳим барои гиромидошти хизматҳои бузургу нодири фарзандони миллати тоҷик ва тарбияи насли ояндасози миллат нақши арзишманду мондагор гузошта, бори дигар ба ҷаҳониён аз сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паём дод.

Тақдими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” ва асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву ватандӯстии ҳар сокини саодатманди кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору хештаншинос ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Ин ташаббуси нодиру бузурги Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Роҳбари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, мебошад”.

Мавриди зикру ифтихор аст, ки роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузурге дар роҳи тарғиби китоб, дониш, ҷалби доираҳои гуногун ба илму адабиёт, таъриху фарҳанг ва забони ноби тоҷикӣ гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ибтикори хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, беҳтарин фурсату имконият барои ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон мебошад. Ба назари инҷониб роҳбари давлате дар ҷаҳон чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нест, ки барои ҷалб кардани ҷомеа ба китобу китобхона озмунҳои ҷумҳуриявиро бо ҷоизаву мукофотҳои бузурги пулӣ роҳандозӣ карда бошад.

Ин озмуни бонуфуз ба мо чӣ дод? «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», қабл аз ҳама, фарҳанги китобхонӣ ва муҳаббат ба дониши воло, истеъдоди нодир ва арҷ гузоштан ба сухану арзиши онро эҳё намуд.

Ин озмун дар дурдастарин минтақаҳои кишвар чеҳраҳои нодиру соҳибистеъдодро кашф карда, барои онҳо роҳи муваффақияти ояндаашонро ҳамвор кард.

Ин озмун сабаб шуд, ки анборҳои пур аз китобҳои ҷумҳурӣ холӣ гашта, масъулони соҳа барои дубора бознашр ва ғанӣ кардани он чораҳои зарурӣ андешанд.

Ин озмун аз зумраи беҳтарин ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки барои муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандон мусоидат намуд.

Ин озмун исбот кард, ки ҳар заҳматеро подоштест ва ҳар китобхону донишмандеро ояндаи дурахшоне интизор аст…

Мо, ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар баробари дигар ҷавонони худогоҳу меҳандӯсти диёр аз мактаби бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ватандориву ватанбонӣ, худшиносию меҳандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми давлатиро омӯхта, ҳамчун пайравони асили ин абармарди миллат ба камол мерасем.

Хулоса, мо насли ҷавон ифтихорманду шукргузор аз он ҳастем, ки дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, шароити мусоиди корӣ ва иттиҳодиву сарҷамъӣ зиндагиву фаъолият карда, дар рушд ва муаррифии кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунем.

Доро НАВРӮЗЗОДА, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи журналистика ва иттилооти рақамии Донишгоҳ.