ТАШРИФИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ БА

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар 5 – уми ноябри соли 2024 ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар оғози вохӯрӣ ректор Жило Гулназарзода дар бораи таърих, дастовард ва ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ бо муассисаҳои олии кишварҳои хориҷа, раванди донишандӯзию забономӯзии муҳассилин, равия ва шумораи факултету ихтисосҳо дар таълимгоҳ ва забонҳои тадрисшаванда маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо ташаббуси Роҳбарони ҳарду кишвари ба ҳам дӯст дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳа, аз ҷумла, самти маорифу илм густариш ёфта, робитаҳои манфиатбор дар ин соҳаи муҳим ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар поёни мулоқот сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар аз пазироии самимонаи раёсати Донишгоҳ изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи муассисаҳои олии ҳар ду кишвар барои рушди забономӯзии донишомӯзон, омода кардани мутахассисони соҳибкасб ва тарҷумонҳои ҳирфаӣ мусоидат мекунад.

Дар охир аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба сафир китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” – и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума шудааст, тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *