Барои довталабони хориҷӣ

Дохилшавӣ ба донишгоҳ барои довталабони хориҷӣ як қадами муҳим аст ва Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳар марҳилаи ин раванд довталабонро дастгирии ҳамаҷониба менамояд. Донишгоҳ доираи васеи барномаҳои таълимиро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура, аз ҷумла барномаҳои омӯзиши забонҳои тофикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо пешниҳод мекунад. Донишҷӯёни оянда бояд талаботҳои забон, муваффақияти таълимӣ ва хусусиятҳои барномаи интихобшударо ба назар гиранд. Раёсат оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, гирифтани раводиди донишҷӯӣ ва мутобиқ шудан ба раванди таълим, фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯёни хориҷӣ маслиҳату машваратҳо медиҳад.

Интихоби ихтисос дар таҳсили бомуваффақият ва касби оянда нақши калидӣ дорад. Донишгоҳ барномаҳои равияи гуманитарӣ ва иҷтимоиро пешниҳод мекунад, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат нигаронида шудаанд. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки нақшаҳои таълимӣ, дурнамои тахассус ва имкониятҳои ҳаракати академиро пешакӣ омӯзанд. Аксарият барномаҳо таҷрибаомӯзӣ, лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ, корҳои мустақилона ва иштирок дар мубодилаи академии байналмилалиро дар бар мегиранд, ки ин рақобатпазирии хатмкунандагонро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ба донишҷӯён тавассути пешниҳоди маълумот дар бораи соҳаҳои маъмултарин ҳангоми интихоби ихтисосҳо кӯмак мекунад.

Раванди қабул ба Донишгоҳ якчанд қадамҳои муҳимро дар бар мегирад. Довталабони хориҷӣ бояд бастаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шаҳодатномаи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё диплом, натиҷаҳои имтиҳони забон (масалан, IELTS, TOEFL ё имтиҳони дохилии донишгоҳ), мактуби ҳавасмандӣ ва тавсиянома ҷамъоварӣ кунанд. Муҳим аз ҳама, мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро ба назар гирифта, саривақт ба комиссияи қабул (намояндаи Донишгоҳ вобаста донишҷӯёни хориҷӣ) бо бастаи ҳуҷҷатҳо мебояд муроҷиат намуд. Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ роҳнамои муфассалро оид ба пур кардани варақаҳо, пешниҳоди дархостҳо, инчунин маслиҳатҳо оид ба манзили зист дар хобгоҳи донишҷӯёнро пешниҳод мекунад.

 

Пас аз қабул, донишҷӯёни хориҷӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд. Донишгоҳ барномаҳои мутобиқсозӣ, курсҳои забони тоҷикӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва машваратҳои академиро ташкил намуда, донишҷӯёни хориҷиро бо шароити таҳсил дар донишгоҳ ва будубош дар хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ шинос карда мешаванд. Дастрасӣ ба китобхонаи анъанавӣ ва электронии донишгоҳ, марказҳои амалкунанда, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ ба донишҷӯён дастрас хоҳад шуд. Дари Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ҳамеша барои донишҷӯён боз аст ва дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои марбут ба таҳсил, ҳамгироӣ ба муҳити донишгоҳ ва рушди касб кумак мерасонад.