Шуъбаи омодагии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

ҚОДИРОВ ШАРИФАЛӢ САИДҚУЛОВИЧ

  • ВАЗИФА: Мудири шуъба
  • ДАРАҶАИ ИЛМӢ: номзади илмҳои география
  • УНВОНИ ИЛМӢ: дотсент
  • ТЕЛЕФОН: (+992) 
  • НИШОНИИ ЭЛЕКТРОНӢ: 

ШУЪБАИ ОМОДАКУНИИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз марказҳои асосии омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад. Шуъба соли 2009 бо номи аспирантура (Иҷозатномаи ВМИҶТ, АУ №000591) ҳамчун зерсохтори раёсати илм ва инноватсия таъсис ёфта, аввалин довталабонро барои соли таҳсили 2010-2012 қабул кард.

Соли 2018 бо қарори Шурои олимон (30.08.2018, №1) ном (шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ) ва сохтори шуъба тағйир ёфт.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолият худро ба роҳ монда, тибқи нақшаҳои таълимӣ магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёнро ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои шуъба

1. Мақсади асосии шуъба ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи олӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи талаботҳои амалкунанда мебошад.

2. Коркард ва таъмини фаъолияти ташкилӣ-методӣ ва меъёрии ҳуқуқии зерсохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба масъалаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи олӣ дар низоми баъдидипломии таҳсилоти касбӣ;

3. Банқшагирӣ ва ташкили омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;

4. Таъминоти ташкилӣ-методӣ ва иттилоотии омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;

5. Ҳамоҳангсозии таълимӣ-илмии омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва назорат аз болои иҷрои нақшаҳои инфиродии омодакунии онҳо;

6. Ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шӯроҳои диссертатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ.

Оғоз аз сентябри соли 2025 таълим дар зинаи магистрартура дар доираи нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи 15 ихтисоси зерин ба роҳ монда мешавад:

Рамз

Номи ихтисос

1.      

1- 020301

Забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор)

2.      

1- 020302

Забон ва адабиёти рус (омӯзгор)

3.      

1-020307

Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ (омӯзгор)

4.      

1-020306

Забони англисӣ (омӯзгор)

5.      

1-210601-02

Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони хитойӣ)

6.      

1-210601-02

Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони англисӣ)

7.      

1-210502-08

Забони хориҷӣ (забони куриёӣ)

8.      

1-230101

Муносибатҳои байналмилалӣ

9.      

1-210502-08

Забони хориҷӣ (забони хитойӣ)

10.  

1-020307

Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ

11.  

1-210502-08

Забони хориҷӣ (забони ҷопонӣ)

12.  

1-020306-04

Забони олмонӣ. Забони англисӣ

13.  

1-210601-0215

Забони арабӣ. Забони англисӣ

14.  

1-210601-0602

Забони форсӣ. Забони англисӣ

15.  

1-010102-03

Таҳсилоти томактабӣ. Забони тоҷикӣ

Дар маҷмуъ, таҳсил дар зинаи магистратура дар соли таҳсили нав, аз рӯйи 15 ихтисос ва 188 ҷой  ба роҳ монда мешавад, ки нисбати нақшаи қабули соли 2024 (130 ҷой) 48 ҷой ва нисбати нақшаи қабули солҳои 2020-2023 (80 ҷой) теъдоди 108 ҷой зиёд гардидааст.

Айни замон бошад, дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар зинаи магистратура 124 нафар магистрант, аз ҷумла, дар курси якум 71 нафар магистр, дар курси дуюм 53 нафар магисрант  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар зинаи докторантура аз рўйи ихтисос (PhD) 36 нафар докторантон аз рӯйи 8 ихтисос таҳсил менамоянд:

Рамз

Номи ихтисос

1.      

6D020500

Филология

2.      

6D011300

Забоншиносӣ

3.      

6D011700

Забон ва адабиёти тоҷик

4.      

6D011800

Забон ва адабиёти рус

5.      

6D011900

Назария ва методикаи таълимӣ ду забони хориҷӣ

6.      

6D020700

Кори тарҷумонӣ

7.      

6D020200

Муносибатҳои байналхалқӣ

8.      

6D021001

Филологияи хориҷӣ

Номгўи ҳуҷҷатҳо барои магистратура

  • ариза ба номи ректор бо нишон додани ихтисоси магистратура;  
  • дипломи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи аслӣ), барои қабул ба магистратура мавҷудияти дипломи зинаи бакалавр ва мутахассис ҳатмист;     
  • замимаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (варақаи баҳо, нусхаи аслӣ);   
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);       
  • 6 дона сурат (андозаи 4/3);   
  • нусхаи шиносномаи шахсӣ;    
  • ҷувздон (скоросшиватель) – 1 дона      
  • реферат (дар дилхоҳ мавзуъ вобаста ба ихтисоси интихобнамуда).

 

НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РЎЙИ ИХТИСОС (PhD)

  1. Ариза ба номи ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода   (ихтисос, кафедра, рақами телефон нишон дода шавад);

Нусха (копия) – и нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳоитаҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

  1. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  2. Шарҳи ҳол;
  3. Хислатнома (характеристика);
  4. Нусхаи варақаҳои имтиҳони номзадӣ (агар қабл аз дохилшавӣ ба докторантура супорида шуда бошад);
  5. Рӯйхати таълифоти нашршуда ё реферат аз ихтисос дар ҳаҷми 25-30 саҳифа бо тақриз;
  6. Маълумотномаи тиббӣ (Ш – 038);
  7. Маълумотномаи ҷойи истиқомат
  8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
  9. Мактуби тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
  10. Ризоиятномаи роҳбари илмӣ.

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОИ УНВОНҶЎ

  1. Ариза ба номи ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода   (ихтисос, кафедра, рақами телефон нишон дода шавад);
  2. Нусха (копия) – и нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
  3. Варақаи; шахсии баҳисобгирии кадрҳо
  4. Шарҳи ҳол;
  5. Хислатнома (характеристика);
  6. Рӯйхати таълифоти нашршуда ё реферат аз ихтисос дар ҳаҷми 25-30 саҳифа бо тақриз;
  7. Маълумотномаи тиббӣ (Ш – 038);
  8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
  9. Анкетаи дохилшаванда ба докторантура аз рўи ихтисос;

11.Ҷузвдон (папка – файл)

  1. 12. Мактубаҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
  2. 13. Анататсия дар бораи мавзӯъ.
  3. Ризоиятномаи роҳбар.
  4. Расм
  5. Қайди мавзуъ дар маркази миллии патенту иттиллоот
  6. Нусхаи шиноснома

 

Аз моҳи апрели соли 2025 мудири шуъба номзади илмҳои география Қодиров Шарифалӣ Саидқулович мебошад.