Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Раёсати робитаҳои байналмилалӣ (РРБ)

Самтҳои асосии кори раёсати робитаҳои байналмиллалӣ рушди ҳамкориҳо ва таҳсилоти байналмилалӣ бо назардошти афзалиятҳои стратегияи байналмилаликунонии фаъолияти ДБЗХТ ба номи  С. Улуғзода мебошад.

          Рушди таҳсилоти байналмилалӣ:

 – ташкили қабул ва таълими шаҳрвандони хориҷӣ дар ДБЗХТ ба номи  С. Улуғзода;

 – расонидани кӯмак ба донишҷӯёни хориҷии ДБЗХТ ба номи  С. Улуғзода бо мақсади мутобиқ шудани онҳо ба шароити таълим ва иҷтимоии Донишгоҳ;

 – ба сатҳи байналмилалӣ расонидани ҳаёти донишҷӯён, дастгирии чорабиниҳои баргузоркунандаи донишҷӯёни хориҷӣ.

          Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ:

 – рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар ДБЗХТ ба номи  С. Улуғзода бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон, марказҳои тадқиқотӣ, бунёдҳо ва ғайра;

 – ташкили барномаи сафарбаркунии академӣ барои донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорони ДБЗХТ ба номи  С. Улуғзода;

 – қабул ва дастгирии ҳайатҳои расмии хориљӣ, инчунин олимону мутахассисони алоҳидаи даъватшуда;

 – кӯмаки ташкилӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ дар ДБЗХТ ба номи  С. Улуғзода;

 – таҳия ва дастгирии фаъолияти лоиҳавии кафедраҳои ДБЗХТ ба номи  С. Улуғзода, аз чумла, дар доираи грантҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ;

– мониторинг ва таҳлили фаъолияти байналмилалии ДБЗХТ ба номи  С. Улуғзода ва шуъбаҳои он.