Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода сухан гуфта, ҳозиринро бо фарорасии ин ҷашни суннатӣ табрик намуд. Мавсуф зикр кард, ки Меҳргон – рамзи меҳру муҳаббат, адолату фаровонӣ ва шукронаи осоиштагии кишвар аст. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни аҷдодӣ пас аз давраҳои тӯлонӣ эҳё гардида, имрӯз дар саросари кишвар ҳамчун рамзи худшиносӣ ва Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода ва муовини ректор оид ба хоҷагӣ Сафарзода Хуршед бо баромадҳои пурмазмун дар бораи таърихи пайдоиши иди Меҳргон, ҷойгоҳи он дар фарҳанги ориёӣ, нақши тозагӣ ва оростагӣ дар рӯзгори ниёгон, ҳамчунин эҳёи суннатҳои миллӣ ва либоси мардумӣ сухан гуфтанд.
Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Субҳи ҷавонӣ” ранги тозаи идро афзуд. Суруду рақсҳои миллӣ ва шеърҳои дилангез рӯҳияи шодии иштирокчиёнро баланд бардоштанд.
Дар охири чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳои Донишгоҳ супурда шуд.
Меҳргон дар хобгоҳи Донишгоҳ ба як шоми хотирмон ва пур аз меҳр табдил ёфт. Шоме, ки донишҷӯён аз он дарси ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва посдошти арзишҳои миллӣ гирифтанд.