Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамчун мақоми олии идоракунии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзод маҳсуб меёбад.
Низомномаи Шурои олимон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ”, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардида, бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз 31.03.2023, №8/3-1 тасдиқ гардидааст.
Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидории Донишгоҳ таъсис дода шудааст.
Фаъолияти Шурои олимони Донишгоҳ тибқи Нақшаи кори Шурои олимони Донишгоҳ сурат гирифта, аз ҷониби ректори Донишгоҳ дар асоси самтҳои ояндадори рушди он тартиб дода мешавад. Нақшаи кории Шурои олимони Донишгоҳ барои соли таҳсили 2025-2026 фарогири 35 масъалаи асосии қисми таълим, илм, тарбия, робитаҳои хориҷӣ, хоҷагидорӣ ва иқтисодӣ буда, санаи 29.08.2025, таҳти №1/1 аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори Донишгоҳ тасдиқ гардидааст.. Иҷрои қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳ оид ба масъалаҳои қабулшуда, ки ба салоҳияти он дохил мешаванд, барои воҳидҳои сохторӣ, кормандон ва донишҷӯён ҳатмӣ мебошанд.
Раисии Шурои олимони Донишгоҳ байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ректори Донишгоҳ ба уҳда дорад.
Ҳайати асосии Шурои олимонро ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, сардорони раёсати таълим ва илм, намояндагони ҳайати профессорону омӯзгорон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони дигари Донишгоҳ, директори МТМУ Рос – Тоҷ ба н. Менделеев дар ш. Турсунзода, директори МТМУ Гимназияи “Кафолат” ташкил медиҳад. Ҳайати шурои олимонро ректори Донишгоҳ тибқи фармоиш ба муҳлати 3 (се) сол таъин менамояд. Ҳайати имрӯзаи Шурои олимон 26 нафарро ташкил медиҳад.
- Доир ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ қарор қабул менамояд;
- Натиҷаҳои фаъолияти солонаи таълимӣ ва илмию таҳқиқотиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсия медиҳад;
- Масъалаҳои таъсис додан ва бастани факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва номгузории онҳоро чун қоида бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, таъсиси ҷамъиятҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди Донишгоҳ, истодаро дар маҷмуъ, иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд;
- Масъалаҳои ташкили раванди таълим, аз ҷумла, тағйири таносуби машғулиятҳои гуногуни таълимиро танзим намуда, инкишофи корҳои мустақилона ва амалии донишҷӯёнро пешбинӣ ва ҳаллу фасл менамояд;
- Меъёрҳои намунавии вақтро барои ҳисоби ҳаҷми умумии корҳои таълимӣ, ки аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон иҷро мешаванд, тағйир медиҳад ва пурра мегардонад;
- Номзадҳоро барои дарёфти стипендияҳои номӣ ва инчунин, стипендияҳои Шурои олимон аз ҷумлаи донишҷӯёни аълохони Донишгоҳ тавсия менамояд;
- Барои гузаронидани чорабиниҳои дар боло зикргардида захираҳои молиявӣ ва меҳнатиро тасдиқ мекунад;
- Дар асоси арзёбии самаранокии фаъолияти илмию ташкилии сохторҳои таълим ва илм доир ба мувофиқи мақсад будан ва ё барҳам додани онҳо қарор қабул менамояд;
- Номзадҳоро барои дохил шудан ба докторантура, тавсия намуда, мавзуи рисолаҳои номзадиву докториро тасдиқ менамояд; инчунин, барои баромадан ба рухсатии эҷодии 3-моҳа, 6-моҳа ва яксола барои ба анҷом расонидани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, қарор қабул менамояд;
- Барои ишғоли вазифаҳои озоди профессорию омӯзгорӣ, вазифаҳои илмӣ ва мудирони кафедраҳо озмун мегузаронад;
- Харҷномаи даромад ва хароҷоти ғайрибуҷавии Донишгоҳро муҳокима ва тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи иҷрои харҷномаи мазкурро мешунавад ва хулосагирӣ мекунад;
- Ҳисоботи фаъолияти молиявию хоҷагидории Донишгоҳро мешунавад;
- Масъалаҳои дигари ба фаъолияти Донишгоҳ марбутро баррасӣ менамояд.
Ҷаласаҳои Шурои олимони Донишгоҳ моҳе як маротиба баргузор гардида, натиҷаи он дар суратҷаласа ва қарорҳо қабулшуда дарҷ мегардад. Қарорҳои Шурои олимон аз тарафи раиси Шурои олимон ба тасвиб расонида шуда, ҳукми воқеӣ мегирад.